Суханронии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар нишасти матбуотӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2020»

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Ҳозирини гиромӣ!

      Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар шашмоҳаи аввали соли равон фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» — ро сармашқи кори худ намуданд.

            Раёсати донишкада дар давраи ҳисоботӣ ба фаъолияти таълимӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар меҳвари фаъолият қарор дод. Зеро сатҳу сифати таълим барои мувофиқат кардани низоми маориф ба талаботи ҷомеа, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ташаккули шахсият зарур буда, он бояд ба талаботи ҷомеаи инсонӣ дар асри ХХI мувофиқ бошад. Бинобар ин, ба даст овардани сифати таълим яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, дар таҷдиди консепсияҳои нави маорифи Тоҷикистон дар давраи тағйирёбӣ ва демократисозии ҷомеа татбиқ мегардад.

Сессияи зимистона ва тобистонаи соли хониши ҷорӣ тибқи санадҳои меъёрии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Раёсати таълими донишкада тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои раванди таълим ҷадвали ягонаи баргузории имтиҳонҳоро таҳия ва тасдиқ намуд. Тибқи ҷадвали мазкур сессияи санҷишу имтиҳонотӣ аз 24. 12. 2019 то 10. 01. 2020 идома ёфта, сессияи тобистона тибқи натиҷаҳои холҳои рейтингии 1 ва 2 ҷамъбаст гардид.

        Вобаста ба хусусияти эҷодӣ доштани тахассусҳои донишкада қабули имтиҳонҳои эҷодӣ дар кафедраҳо бо иштироки ҳамаи устодони кафедраҳо амалӣ гардида, савияи дониш, сатҳи сифат ва маҳорати донишҷӯён аз тарафи устодони кафедраҳо шаффоф баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, комиссияи махсуси аппелятсионӣ барои баррасии аризаҳои донишҷӯён дар ҷараёни сессия созмон дода шуд. Аз ҷониби донишҷӯён ба Комиссияи аппелятсионӣ 16 ариза ворид гардид ва баъди ҳамаҷониба омӯхтани мазмуни аризаҳои воридгашта хоҳиши муроҷиаткардагон тибқи талаботи бандҳои Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонда шуд.

Дар маҷмӯъ, сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистона ва тобистонаи соли хониши 2019-2020 дар донишкада тибқи талаботи меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронда шуда, фоизи азхудкунии даври фаъоли сессияи зимистона 63,1%, сифати таълим 22,2 % ва сессияи санҷишу имтиҳонии тобистона 65,1% ва сифати таълим 23,2 % — ро ташкил дод.

            Бо фармоиши ректори донишкада аз 18 то 30. 01. 2020, №15 комиссия дар бораи интиқол ва барқарор намудани донишҷӯён ташкил карда шуд. Давраи дуюми он тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10. 02. 2020 идома намуд. Ба комиссия аз ҷониби донишҷӯён дар ду давра 71 ариза пешниҳод гардид. Аттестатсияи хатми соли таҳсили 2019-2020 дар донишкада тибқи «Низомномаи аттестатсияи хатм» (№21/3 аз 29.08.15) ташкил ва гузаронда шуд.

               Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 03. 04. 2020, №1360, раисони комиссияи аттестатсияи хатм дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тасдиқ гардиданд. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани аттестатсияи хатм фармоиши ректори донишкада аз 08. 04. 2020 ҳайати комиссияҳои аттестатсионии давлатии хатмкунандагон ба имзо расид.

Ҷадвали баргузории имтиҳонҳои давлатӣ санаи 27 апрели соли 2020 аз ҷониби ректори донишкада тасдиқ карда шуд. 220 нафар донишҷӯи бахши рӯзона ва магистратура тибқи фармоиши ректор барои супурдани имтиҳони давлатӣ иҷозат гирифтанд. Имтиҳонҳои давлатии хатм дар бахши ѓоибона бошад, бинобар пешгирии бемории сироятии коронавирус, ба моҳи августи соли 2020 гузаронда шуд.

      Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни бахши рӯзона аз рӯи 14 ихтисос ва бахши магистратура аз рӯи 6 ихтисос имтиҳонҳои давлатиро пурра ба анҷом расонданд. Факултаи фарҳангшиносиро аз рӯи 4 ихтисос 34 нафар ва аз рӯи як ихтисос 2 магистр, факултаи санъати театриро аз рӯи ихтисоси санъати актёрӣ 15 донишҷӯ ва 9 магистр, факултаи китобхонашиносӣ ва иттилоотшиносиро аз рӯи 2 ихтисос 19 донишҷӯ ва 5 магиср, факултаи режиссура, кино ва телевизионро аз рӯи 4 ихтисос дар бахши рӯзона 47 нафар ва ду ихтисос дар бахши магистратура 12 нафар, факултаи мусиқӣ-омӯзгориро аз рӯи 2 ихтисос дар бахши рӯзона 27 нафар ва бахши магистратураро 3 нафар, факултаи санъати мусиқии мардумиро аз рӯи 2 ихтисос 23 нафар хатм намуд.

          Дар маҷмӯъ, дар бахши рӯзона аз 191 нафар донишҷӯ 186 нафар, аз онҳо 71 нафар духтар ва дар бахши магистратура аз 31 нафар 29 нафар, аз онҳо 5 нафар духтар имтиҳонҳоро бомуваффақият супурданд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 95 нафар тариқи буҷетӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки 14 нафари онҳо тибқи квотаи президентӣ мебошанд. Соли равон донишкадаро 7 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуд.

        Дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 81 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда буд. Барои ин донишчӯён дар хобгоҳи донишкада  шароити  хуби  зиндагӣ  фароҳам  оварда  шудааст. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ назорати будубош ва иштироки  донишҷӯёни хориҷиро дар раванди таълим таҳти назорат гирифта, пайваста бо онҳо дар иртибот мебошад.  Соли ҷорӣ донишкадаро Гулалек Ханова аз Ҷумҳурии Туркманистон бо ихтисоси фарҳангшиносӣ  ва Беҳзод Маҳмудҷонов аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо ихтисоси омӯзгори мусиқӣ ва суруд  хатм намуданд.

        Дар шашмоҳаи сипаришудаи соли ҷорӣ шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар шуъбаи мазкур  ба ҳайси докторант аз рӯи ихтисос (PhD) 12  нафар (3 нафар дар курси 3, тариқи ройгон ва  2 нафар дар курси 2-юм, тариқи шартнома  ва 7 нафар (2 нафар шартнома), дар курси аввал  таҳсил карда истодааст. Ҳамчунин, дар шуъба 4 нафар аспиранти рӯзона, 3 нафар ѓоибона ва 20 нафар унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Магистрон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон (PhD) дар 8 кафедраи донишкада вобаста мебошанд. Бо сарпарастии раёсати илм ва мусоидати садорати факултаҳову мудирони кафедра аттестатсияи аспирантон ва унвонҷӯёну докторон (PhD)  тибқи нақша пурра гузаронда шуд. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва аспирантону унвонҷӯён 40 мақола дар  маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 18 мақола дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

        Дар ин давра устодони донишкада — муаллими калони кафедраи филология Зулайхо Иззатова дар мавзӯи “Традиции пехлевийский андарзноме в “Шахнаме” Абулкасима Фирдоуси”, муаллими  кафедраи  фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Нурулло Табаров дар мавзӯи “Шароитҳои ташкили педагогии ташаккули сифатҳои маънавии ахлоқии ҷавонон дар муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фирдавс Арабов — сардори раёсати таълим дар мавзӯи “Механизми идоракунии сармоягузориҳо ба истифодаи экологию  иқтисодии захираҳои замину об (дар мисоли заминдории обёришавандаи Тоҷикистон)” ва муаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ  Гулҷаҳон Самадова, мавзӯи рисолаи илмиаш “Организация и проведение внеаудиторной работы со студентами как осоновное средство формирования интереса к изучению русского языка (на примере неязыковых вузов)” рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд. Ҳамчунин, муаллими калони кафедраи педагогика ва низоми иттилоот дар фарҳанг Абдусаттор Раҳмонов дар мавзӯи  “Хусусиятҳои ташаккули фарҳанги иттилоотии мутахассиси ояндаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ” санаи 16-уми майи соли 2020 барои ҳимоя иҷозат гирифта буд, аммо бинобар сабаби паҳншавии бемории коронавирус санаи ҳимоя тағйир ёфта, муҳлати он дигар карда шуд.  Илова бар ин, 3 нафар унвонҷӯи донишкада —  унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Салима Раҷабова, мавзӯи рисолаи илмиаш “Историография библиотечного дела Таджикистана (20-60-ые год ХХ века)”, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Моҳинур Галимова, мавзӯи рисолаи илмиаш “И. А. Крылов и таджикская литератруы (проблемы перевода его басен на таджикский язык)” ва муаллими калони кафедраи журналистика ва радиошунавонӣ Ҷумъа Қуддус, мавзӯи рисолаи илмиаш “Вазифаҳои комунакитивӣ ва вижагиҳои драматургии асарҳои саҳнавии Телевизиони Тоҷикистон” рисолаҳои илмиашонро ба анҷом расонда, аз пешдифоъ гузаштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 шумораи нашрияи «Олами ҳунар» ва 2 шумораи маҷаллаи илмии “Фарҳанг ва санъат” аз чоп баромад. Дар ин давра дар сомонаи донишкада беш аз 60 мавод ба шакли хабар, гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ ҷой дода шудаанд, ки инъикосгари паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишкада ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии кишвар мебошанд. Чорабиниҳои дар донишкада баргузоргардида тавассути ВАО-и кишвар, аз ҷумла АМИТ-«Ховар», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ, бавижа радиои донишкада васеъ инъикос гардидаанд.

         Дар нимсолаи аввали соли равон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи фарҳанги миллӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ», 29-30 апрели соли 2020, ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус конференсия гузаронда нашуд. Хотиррасон менамоем, ки мақолаҳои илмии дастрасшуда барои ба нашр расондани маҷмӯаи мақолаҳо пешниҳод гардиданд.

Як бахши муҳимми фаъолияти донишкадаро ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Айни замон донишкада бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок идома медиҳад.

Аз ҷумла, 17 апрели соли 2020 дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи  “Вопросы  искусства  и  культуры  в  историческом  наследии  учёных  и  мыслителей  Востока  средных веков” тариқи онлайн баргузор гардид. Ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур устодони донишкада мақолаҳои илмӣ пешниҳод карда, инчунин тариқи онлайн маърӯза намуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада, доктори илмҳои  филологӣ  Низомӣ М. З. дар мавзӯи  “Вклад А. Джами и А. Навои в укрепление литературных связей таджикских и узбекских народов”, мудири  кафедраи  фарҳангшиносӣ,  дотсент Умедов М.  дар мавзӯи  “Фаридаддин Аттар и Джалаладдин Руми о сущности и значении нравственности” ва мудири кафедраи бойгонишиносӣ Ҷобиров Р. дар мавзӯи “«Вклад академика А. А. Семёнова в изучение средневековых источников” маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

         Бояд зикр намуд, ки айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи  бонки ҷаҳонӣ  ва  4 лоиҳа — мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” якчанд семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи стандартҳои таълимӣ гузаронда шуда,  ҳамзамон, бо  экспертҳои миллӣ, бо мақсади таҳияи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ  шартнома ба имзо расонда шуд. Дар доираи транши 2 — юми лоиҳа ба  таъмири ҷории синфхонаи санъатшиносӣ, маркази захиравии “фарҳанг ва санъат”, чопхонаи донишкада шурӯъ карда шуд, ки ҳоло корҳо идома доранд. Ба мақсади таъмин намудани ин синфхонаҳо бо мебелу курсиҳо ва мизҳои таълимӣ дар ҳаҷми 103 ҳазору шашсаду ҳаштод сомонӣ таҳҷизот ворид карда шуд.

Дар доираи лоиҳаи  грантии  “Тайёр  намудани  мутахассисони  соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” дар ин давра семинарҳои омӯзишӣ ва конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, санаи 04. 04. 2020 семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳия ва коркарди стандартҳои таълимии ихтисосҳои ВАОЭ дар заминаи стандартҳои Аврупоӣ” аз ҷониби тренери миллӣ Арабов Ф. ва бо иштироки экспертҳои миллӣ баргузор гардид. Дар ин замина бо экспертҳои миллие, ки тариқи озмун барои таҳияи стандарҳо ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои ВАОЭ қабул гардида буданд, шартномаҳо ба имзо расонда шуданд. Дар асоси шартнома экспертҳои миллӣ нусхаи аввалияи стандартҳои таълимиро таҳия намуда, барои омӯзиш ва баррасӣ ба Шӯрои олимони донишкада пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар доираи тендери эълонгардида бо ғолибони тендер шартномаҳо ба имзо расиданд. Дар асоси санадҳои имзошуда студияи таълимӣ, лабораторияи таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимӣ, ки барои ихтисосҳои ВАОЭ пешбинӣ гардидаанд, аз таъмир бароварда шуда, бо мебел, курсӣ ва миз муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3000/23-778, аз 30. 04. 2020) лоиҳаи донишкада таҳти  унвони  “Масъалаҳои  мубрами  ташаккул  ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар муҳити ҳаёти деҳоти Тоҷикистон (ҳолат ва дурнамо)” аз ҷониби Шӯрои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ қабул гардида, ҷиҳати маблағгузорӣ тавсия гардид.

        Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори Китобхонаи илмии донишкада фаъолияти китобхонаи электронӣ ба роҳ монда шуд, ки дар он 10 адад компютер бо ҳамаи таҷҳизоташ насб шуда, ба шабакаи иттилоотии Интернет пайваст мебошад ва 5820 адад китоби электронӣ дар истифодаи доимии донишҷӯён қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ хазинаи китобҳои электронӣ бо 500 номгӯй китобҳои тахассусӣ, вобаста ба ихтисосҳои донишкада, пурра гардид. Айни ҳол дар ҳамкорӣ  бо факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар доираи супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Китобхонаи адабиёти бадеӣ таъсис дода шуда, аз соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ менамояд.

        Дар донишкада бо мақсади ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст” сараввал байни донишҷӯёни факултаҳо ва баъдан дар чор давр озмуни донишкадавӣ баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун,  28 апрели соли 2020, аз 50 нафар донишҷӯ 19 нафар барои ширкат дар озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

        Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, таҳти № АП1335, дар донишкада 2 даври донишкадавии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” гузаронда шуд. Баъди ҷамъбасти давраҳои донишкадавӣ 22 нафар ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод карда шуд.

Дар шашмоҳаи аввал бо ибтикори Шӯрои занони донишкада силсилаи озмунҳо бахшида ба Рӯзи Модар, Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Оши палов», «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», «Дастархони наврӯзӣ» ва «Ҷилваи чакан» баргузор гардиданд. Ғолибони озмунҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонда шуданд.

          Дар донишкада аз ҳисоби духтарони донишҷӯ як нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, се нафари дигар дар курси «Мактаби духтарони сарвар» таҳсил намуда, соҳиби сертификат гардиданд.

Дар донишкада масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор гирифта, тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Бинои донишкада ва хобгоҳ аз ҷониби корхонаи “Фавз” бо маҳлули гипохлорид бар зидди бемориҳои сироатӣ 3 маротиба коркард карда шуд. Барои пешгирии ин беморӣ дастаи дарҳои корӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои ёрирасон ҳамарӯза бо маҳлули гипохлориди 5% безарар гардонда мешаванд.

Ҳамзамон, 13-уми майи соли равон дар пайравӣ  ба  иқдоми  башардӯстонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  пешгирии  паҳншавии COVID-19 ва  табобати  гирифторони бемории сироятии короновирус бо ибтикори Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар ҳаҷми 6000 сомонӣ кумаки башардӯстона расонда шуда, ба ин маҷмааи тандурустӣ  25 халта орд, 75 литр равѓан, 300 килограмм картошка, 200 килограмм пиёз ва барои 25 нафар табибон пакетҳои алоҳида супурда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои эҷодӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар толори консертии «Арғунун» — и донишкада, 8 — уми январ, филми мустанади «Номус», аз рӯи асари барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, ки аз ҷониби донишҷӯи курси 4 — уми факултаи фарҳангшиносӣ, кафедраи режиссура ва продюссерӣ Сайфиддин Наврӯзов наворбардорӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

29 — уми январ дар донишкада чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва суннатҳои он» бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раёсати донишкада, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва намояндагони ВАО бо шукӯҳу шаҳомаи хос таҷлил гардид. Дар бахши эҷодӣ магистрони шуъбаи режиссура ва продюсерии факултаи режиссура, кино ва телевизион пролог: «Зуҳури Сада»-ро намоиш доданд.

5 — уми март дар донишкада ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнати донишкада, устодону донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Собиқадорони меҳнат ва бонувони фаъол бо диплом ва сипосномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

     Раёсати донишкада барои фароҳам овардани шароити хуби зисти донишҷӯён бинои хобгоҳро таъмири асосӣ намуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда истодааст, ки дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Хобгоҳ барои 370 нафар донишҷӯ пешбинӣ шуда, аз 110 ҳуҷраи хоб, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳаммом ва меҳмонхона иборат мебошад.

 Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ободу зебо ва кабудизор намудани саҳни бинои донишкада ва хобгоҳ аз ҷониби маъмурият ва кормандони хоҷагидорӣ 2500 дона гулҳои мавсимӣ, 25 адад дарахтони сояафкан шинонда шуда, 700 метри мураббаъ қитъаҳои замин ва 100 метр қубурҳо тоза гардида, дар масоҳати 70 м2 замин алафи ҳамешасабз корида шуд. Инчунин, бо мақсади самаранок истифода бурдани замин дар масоҳати 5 сотиқ кишту кор гузаронда шуд.

      Комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» фаъолияти худро 30 январи соли 2020 бо фармоиши ректори донишкада оѓоз намуд. Тибқи нақшаи кории комиссияи қабул моҳҳои феврал — май дар шаҳру навоҳии кишвар корҳои таблиѓотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардиданд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиикстон, нақшаи қабули донишҷӯён ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои соли таҳсили 2020-2021 чунин аст:

Нақшаи қабул дар соли хониши 2020-2021 чунин аст:

Рӯзона: 595 нафар (185 нафар буҷетӣ, 351 нафар шартномавӣ).

Фосилавӣ: 267 нафар (15 нафар буҷетӣ, 221 нафар шартномавӣ).

Квота: 59 нафар (58 нафар рӯзона, 1 нафар фосилавӣ).

Ҳамагӣ: 862 нафар

Аз 1-ум то 12-уми июли соли 2020 дар донишкада имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус баргузор гардиданд. Натиҷагирӣ аз имтиҳонҳо чунин аст:

 

Интихоби даври 1- ум 575 нафар; иштирок ва хол гирифтанд — 458 нафар; наомад 117 нафар:

Интихоби даври 2-юм 19 нафар; иштирок ва хол гирифтанд — 19 нафар: наомад — 0.

Ҳамагӣ иштирок карданд — 447 нафар; наомад — 117 нафар.

Дар донишкада қабули довталабон барои маълумоти дуюм, идомаи таҳсил, магистратура, докторантура ва унвонҷӯӣ (аспирантура) идома дорад.

Хулоса, Раёсати донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён минбаъд низ саъю талош хоҳанд кард.

Чоп кунед