Ҳозирини гиромӣ!

   Ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни миллию мардумӣ — иди Сада, ки ҳамасола охири моҳи январ дар фазои суботу оромии ҷомеа таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод мегӯям.

   Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва маҳз зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои суннатии мардуми мо, ки мероси пурғановате аз ниёгонанд, умри дубора бахшида, таҷлили хамасолаи онҳо ҳамчун маросиму суннатҳои миллӣ ба қонунгузории мамлакат дохил гардиданд.

   Махсусан, ҷашну маросимҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯзу Меҳргон на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам дар байни мардуми шарафманди тоҷику форс бо фараҳмандӣ истиқбол гирифта мешаванд.

   Ҷашни Сада низ аз зумраи оинҳои эҳёшудаи мо аст, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса, бо риояи талаботи унсурҳои он баргузор карда мешавад.

   Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд… Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба cap бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз намудан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунад. Яъне, ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад».

   Воқеан, иди Садаро аҷдодонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он махсусан ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодашавӣ ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро пойбарҷо нигоҳ медорад.

   Дар сарчашмаҳои таърихии мардуми тамаддунофари тоҷик омадааст, ки дар маросими Сада гузаштагон бо ҳамдастии якдигар ҳезуми зиёде ҷамъ оварда, оташи бузурге меафрӯхтанд. Афрӯхтани оташ далолат бар он аст, ки Сада чун рамзи гармиву рӯшноӣ пазируфта шудааст.

   Дар мавриди Сада метавон нуктаҳои муҳимро дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби ҷовидонаи гузаштагонамон «Авасто» пайдо кард. Аз ин бармеояд, ки Сада ҳамчун Меҳргону Наврӯз ҷашни сирф миллии тоҷикӣ аст.

   Ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакат, махсусан пойтахти маҳбубамон — шаҳри Душанбе иди Сада бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар унсурҳое, ки ифодакунандаи иди Садаанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Баргузории барномаҳои фарҳангӣ, рақсу суруд, қироати шеъру тарона ва намоиши саҳнаҳои ҷолиб ба идгоҳ сурури тоза бахшида, хотири ҳамагонро болида мегардонанд.

   Имсол низ чунин иқдомоти наљибу фараҳбахш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтанд, ки боиси сарбаландӣ мебошад.

   Бори дигар ҳамаи Шуморо бо љашни миллию мардумӣ — Сада самимона шодбош гуфта, бароятон саломатии комил, бахту иқболи нек, саодати рӯзгор, хонадони ғарқи нуру сурур ва дастархони пурнозу неъмат таманно дорам.

   Умедворам, ки ҳамаи мову Шумо дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарљамъ омада, баҳри инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ва рушди соҳаи фарҳангу санъати миллӣ бо хидматҳои шоистаи хеш саҳмгузор хоҳем шуд.

   Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!