Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ

       Бад — он мардуми дидаи рӯшаноӣ.

   Салом  меҳмонони олиқадр, устодони арҷманд, шогирдони азиз! Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҷашни фархундаи Садаро  ба Шумо самимона табрик гуфта, бароятон рӯҳи болидаю рӯзгори осуда, хушвақтию хушбахтӣ таманно дорам.

   Боиси хушнудист, ки имрӯз дар маҳфили мо вазири муҳтарами фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ширкат доранд ва мо аз номи ҳайати устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” эшонро барои ба ин вазифаи муҳими давлатӣ таъйин шуданашон муборакбодӣ намуда, ба эшон дар иҷрои масъулияти нав тавфиқу барор мехоҳем.

   Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҷашну оинҳо ва анъанаҳои миллӣ корҳои зиёде сурат гирифтаанд ва аз ҷумлаи ин ҷашнҳои эҳёшуда ҷашни Сада мебошад, ки дар чанд соли охир бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад.

   Тавре  ки маълум аст, Сада аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёист ва оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз – сари соли оянда мебошад. Аммо, ҳамчунин, бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг – дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.  Дар ҳоле ки ойин ниҳодани Наврӯз ба номи Ҷамшед – чаҳорумин  шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошад.

   Дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла, дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст:
“Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ  (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе  матраҳ  шудаанд: Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил,  ҳудуди панҷоҳ  рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва бавижа ҷав бардошт кард. Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «сада, сада, сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз. Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад.”

  Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст.

   Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори  ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг – дувумин шоҳи сисилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ – Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад.
Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар“Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” омадааст:
“Китоби «Шарҳи бист боб» достоне дигаре дар боби кайфияти пайдоиши ҷашни Сада нақл карда, ба ин баён, ки баъд аз он ки Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт, холигари (ошпаз) Заҳҳок, Армоилро уқубат мекарданд. Ӯ муддаӣ шуд, ки қавмеро аз куштан наҷот дода ва акнун ба кӯҳи Дамованд бошанд. Фаридун бо лашкари худ савора мутаваҷҷеҳи Дамованд шуд, то он мардумро ба шаҳр боз оварад. Чун шаб даромад ва роҳ гум карданд, бифармуд, то оташҳо барафрӯхтанд ва халқе азим аз озодкардагони таббох ҷамъ омаданд ва Фаридун дар он шаб шодиҳо кард ва ҷашне фармуд ва Армоилро меҳи муғон кард. Эрониён ба ёдгори ин шодӣ ҳар сол дар он шаб оташ меафрӯзанд”.

   Бино ба ривояи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҷашни Сада ва ихтирои оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ва бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст, ки оғози давраи нави тамаддуни ориёию ҷаҳонист. Зоҳиран то замони Ҳушанг оташ шинохта нашуда буд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд ва Ҳушанг санге ба тарафи ӯ партоб кард, аммо мор кушта нашуду санг бар санги дигар бархӯрду оташ пайдо шуд:

         Нашуд мор кушта, валекин зи роз

Падид омад оташ аз он санг боз.

   Ва ба шодии ин нур оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд:

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.

Метавон бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин бахши “Шоҳнома” дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ, ихтироъкорӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, равшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ин ҷашни муҳими миллӣ табрик намуда, бароятон саломатии бардавому шодмонии нотамом хоҳонам.

 

 

Чоп кунед