Ҳайати  профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  дар соли сипаригашта  фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2018, суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш, аз 01. 09. 2019 бармеоянд, ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг,  санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2021» — ро сармашқи кори худ қарор доданд.

   Бояд зикр намуд, ки дар соли 2019 дар Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 284   нафар устодон кор мекунанд, ки аз ин миён 158    нафар кормандони штатӣ ва 126   нафар ҳамкор мебошанд. Аз миёни устодони донишкада 6 нафар доктори илм, профессор, 6  нафар доктори илм, дотсент, 1 нафар доктори илм (бе унвон),  1 нафар    номзади илм, профессор, 12 нафар номзади илм, дотсент, 37 нафар номзади илм мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар донишкада 95 нафар устодони  дорои дараҷаҳои доктору номзади  илм, ҳунармандони мардумӣ, ҳунарпешагони шоиста кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин ба сатҳу сифати таълим  таъсири мусбат  мерасонад. Имрӯз ба истиснои баъзе аз кафедраҳои самти санъати мусиқидошта мудирони кафедраҳои дигари донишкада соҳиби унвонҳои илмию  ҳунарӣ мебошанд.

   Дар донишкада 2305 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки 1392 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 913 нафарашон дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

   Дар давраи ҳисоботӣ 10 ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид, ки дар онҳо 37 масъалаи асосӣ ва 57 масъалаи ҷорӣ матраҳ шуданд. Дар ин давра 11 ҷаласаи ректорат ва 33 ҷаласаи назоратӣ гузаронда шуда, 39 масъалаи асосӣ ва 33 масъалаи ҷорӣ баррасӣ гашт. Дар Шӯрои илмӣ-методӣ бошад, 13 ҷаласа гузаронда шуда, 18 масъалаи асосӣ ва 6 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

   Дар ин давра раёсати донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади тибқи  талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада Стандартҳои таҳсилоти касбии муассиса оид ба ҳамаи  тахассусҳо, бо дар назар гирифтани талаботи низоми кредитӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ гардид. Дар ин давра нақшаҳои таълимӣ оид ба ҳамаи  тахассусҳо барои таҳсилоти дуюм таҳия гардиданд. Бо мақсади ба талаботи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ гардондани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои  умумикасбӣ ва тахассусӣ 9 китобу дастурҳои  таълимӣ вобаста ба барномаҳои таълимӣ таҳия ва ба нашр расонда шуданд.

   Сессияи зимистонаи соли хониши 2019-2020 тибқи санадҳои меъёрии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронда шуд. Раёсати таълими донишкада тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои раванди таълим ҷадвали ягонаи баргузории имтиҳонҳоро таҳия ва тасдиқ намуд. Тибқи ҷадвали мазкур сессияи санҷишу имтиҳонии зимистона аз 25. 12. 2019 то 10. 01. 2020 идома ёфт.

   Дар маҷмӯъ,  сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистона тибқи талабот ташкил ва гузаронда шуда, фоизи азхудкунӣ  98,8%  ва сифати таълим 25,1 %- ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта азхудкунӣ 2,5% ва сифати таълим 1,1 % зиёд гардидааст.

   Аз 1 то 10 октябри соли 2019  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолияти 5 — солаи донишкадаро мавриди санҷиш қарор дод.  Аз ҷониби экспертони хадамот фаъолияти илмӣ-таълимии донишкада мусбат арзёбӣ гардида, барои фаъолияти 5 соли минбаъда иҷозат дода шуд. Дар ин раванд, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф   бо пешниҳоди роҳбарияти донишкада барои 5 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) иҷозатнома дод. Ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, иттилоот ва робита бо ҷомеа ва санъатшиносӣ иборат мебошанд.

   Соли гузашта донишкадаро  399  нафар, аз ин 26 нафар бо дипломи сурх хатм намуд. Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 марти соли 2019 таҳти № 1450, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, 6 майи соли 2019 комиссияи тақсимоти давлатии хатмкунандагон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо доир гардид ва тибқи тақсимот 173 нафар хатмкунандагони шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, ки ба тариқи буҷавӣ ва тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамуданд, ба ҷойҳои кор роҳхат гирифтанд. Мушкилоти асосии дар ин самт ҷойдошта ин бо ҷойи кор таъмин нагардидани хатмкунандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки дар соли 2018 — ум 11 роҳхат ва дар соли 2019-ум 3 роҳхат рад шудааст.

   Дар давоми соли 2019 дар самти илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳким бахшидани самти корҳои илмӣ ва васеъ намудани доираи муносибатҳои  байналмилалӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, 25-26 апрели соли 2019  дар донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони «Масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (таҷриба, тамоюл ва дурнамо)» баргузор гашт, ки дар он ҳайати профессорону омӯгорон, аспирантону магистрони донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин конференсия зиёда аз 160 маърӯзаи илмӣ шунида шуд.  Аз ҳисоби мақолаҳои  дар конференсияҳои илмӣ-назариявии солҳои 2018 — 2019 пешниҳодгардида маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони “Масъалаҳои  рушди фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонишавӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои ИДМ” дар ҳаҷми 574 саҳифа, дар соли 2019, аз чоп баромад.

   Аз 26 то 29 октябри соли 2019 дар донишкада Фестивали байналмилалии «Шарқ — Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Дар он 26 нафар олим ва ҳунармандони соҳаи санъати мусиқӣ  ва  устоҳои ҳунарҳои мардумӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

   Дар давраи ҳисоботӣ 6 монография ба нашр расид.  Аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва унвонҷӯён 36 мақолаи илмӣ дар  маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 26 мақола дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфт. Дар ин давра маҷмӯаи «Се соли рушди ҳунару истеъдод», ки фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро дар солҳои 2017-2019 дарбар мегирад, аз чоп баромад.

   Айни замон донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодиро идома дода истодааст.  Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия таҳия ва ба имзо расонда шуд. Чунин созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи имзо аст.

   Аз 11 то 15 март  дар донишкада бахшида ба ҷашни 100 — солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов  «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баргузор гардиданд. Дар доираи ин рӯзҳо нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯии «Қатра» доир карда шуд, ки донишҷӯён аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат   варзиданд. Аз натиҷаи сафари меҳмонон ва чорабиниҳои баргузоргардида Ҳалим Сангин филми мустанад дар ҳаҷми ду қисм омода намуд ва он барои тамошои васеи аҳолӣ, инчунин ба Федератсияи Россия пешниҳод карда шуд. Дар бораи «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷаллаи ахборотии МФГС «Форум» №2  —  2019 дар саҳифаҳои 8-11 бо унвони «Кто-окончил ВГИК — может всё»  мақолаи таҳлилӣ  аз чоп баромад.

   Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС (ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин, 3 лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ” пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дутои он пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ хоҳанд шуд:

  1. «Мукамалнамоии низоми маълумот аз рӯи истисосҳои  фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва  мутобиқнамоии онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ»;
  2. «Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ».

   Дар соли сипаригашта ба Шӯрои ҳамоҳангсозии илмӣ- таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ — «Таҳқиқи ҳолат ва дурнамои ташаккули муносибатҳои муътадили маънавию ахлоқӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» (2020 — 2024) ва «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди  хизматрасонии китобдорӣ – иттилоотӣ» ( солҳои 2019-2023 )  пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфтанд.

   Дар шуъбаи магистратура, аспирантура ва доктор (PhD) 80 нафар магистр, 14 нафар  доктор (PhD), 7 нафар аспирант (4 нафар рӯзона, 3 нафар ғоибона) ва 20 нафар унвонҷӯ таҳсил менамоянд. Дар соли ҷорӣ 1 рисолаи докторӣ ва 4 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд. 2 нафар тасдиқи унвонҳои илмии худро аз КОА — и Федератсияи Россия ва КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтанд.

   Дар соли 2019  кормандони Китобхонаи илмии донишкада ба 17,948 нафар хонанда хизмат расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра 500 адад китоб ба таври ройгон аз муаллиф Ҳошим Гадо, 757 нусха китобҳои тозанашр аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1060 нусха осори таълимии устодони донишкада ва 11 нусха аз дигар муаллифон ба фонди китобхона ворид шуданд.  Дар маҷмӯъ, ба фонди китобии Китобхонаи илмии донишкада 2328 нусха китоб ворид гардид.

   Дар давраи ҳисоботӣ васоити ахбори донишкада   — нашрияи «Олами ҳунар», маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат», инчунин сомонаи донишкада инъикоси масоили таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангиро васеъ ба роҳ мондаанд. Дар ин давра ҳафт шумораи рӯзномаи «Олами ҳунар» аз чоп баромад.  Дар ин шумораҳо 84 хабар, гузориш ва мақола ба табъ расид, ки инъикосгари паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишкада ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии кишвар мебошанд. Дар ин давра  4  шумораи маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» нашр шуд. Дар ин шумораҳо 56 мақола дар бахшҳои фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, санъатшиносӣ, иттилоотӣ-китобдорӣ ва журналистика ба табъ расид. Мақолаҳои олимон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Арманистон дар маҷалла  нашр шуданд.

   Бо Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 апрели соли 2019, № 69, маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» — и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

   Бо назардошти муҳимияти самти эҷод дар давраи ҳисоботӣ воҳиди кории ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ ҷудо карда шуд. Ин имкон фароҳам овард, ки донишҷӯёну устодони бахши эҷод масъулияти боз ҳам бештар ҳис намуда, дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ — ҳунарии сатҳи донишкадавӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ  саҳми назаррас гузоранд.

   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  донишҷӯи курси якуми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Мадина Зоирова дар наминатсияи «Адабиёти муосири тоҷик»  ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби диплом гардид. Инчунин, Юнусалиев Умедҷон, донишҷӯи курси 2 — юми ҳамин шуъба дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иштирок намуда, соҳиби диплом гардид.

   Дар оғози соли равон аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон, магистрҳо ва донишҷӯён дар донишкада гурӯҳи таҳлилӣ таъсис дода  шуд. Мақсади ягонаи он, пеш аз ҳама, дастгирии сиёсати сулҳҷӯёнаю  созандаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии гаравидани донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар зуҳуроти  номатлуби ба ҷомеа зиёновар мебошад. Дар донишкада барои пешгирии ин зуҳурот, бахусус бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона  тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Аз ҷониби роҳбарияти донишкада доир ба риоя намудани фарҳанги либоспӯшӣ тибқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронда мешаванд. Дар роҳравҳои ошёнаҳои таълимӣ банерҳо ва гӯшаҳои махсус оиди риоя намудани фарҳанги либоспӯшӣ тибқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон овехта шудаанд.

   Дар  давраи ҳисоботӣ  дар гирду атрофи донишкада беш аз 100 адад дарахти аморфа, 100 адад дроби испанӣ, 55 адад серена, 75 адад ниҳоли шафтолу, 15 адад гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва беш аз 2 200 дона гулҳои гуногуннавъ шинонда шуданд.  Ҳамзамон, дар майдони паси бинои асосии донишкада зиёда аз 50 дарахти сояафкан ва мевадиҳанда, дар назди бинои хобгоҳи донишҷӯён 30 дона дарахти арча ва 350 дона гулҳои мавсимӣ, берун аз бинои донишкада, назди роҳравҳо бошад, беш аз 450 адад гулҳои рангоранг шинонда шуданд. Бори нахуст дар саҳн ва атрофи донишкада бо сангпораҳои рангаи табиӣ рамзҳои бадеӣ: Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, китоб, асбобҳои мусиқӣ, ниқобҳои театрӣ, гулҳои рангоранг, калиди мусиқӣ ва мисраҳои шеърӣ офарида шуданд.

   Бахшида ба 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии  таълимии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз 8 синфхонаи таълимӣ, толори сабти овоз ва филмсозӣ, толорҳои махсусгардондашудаи тахассусӣ-эҷодӣ, синфхонаи компютерӣ синфхонаи оркестр ва хор, ки ба таври замонавӣ бунёд гардидаанд, иборат аст. Барои таҷҳизонидани онҳо, аз ҷумла 110 баста мизу курсӣ, 70 курсии чармӣ, 20 адад мизи яктумба, 24 компютер, 9 проектор, 7 монитор харида шуд.

   Моҳи  октябр дар бинои 2 — юми таълимии донишкада        «Маркази ҳамкорӣ ва табодули фарҳангии Олтой» бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар назди Театри таълимӣ бошад, ҷой барои нигоҳ доштани либосҳои саҳнавӣ сохта шуд. Дар бинои 1 — и  таълимӣ  Дафтари идоракунии лоиҳаҳои рушди таҳсилоти олӣ омода гардид.

   Хулоса, ҳадафи асосии ҳайати профессорону омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи  давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Чоп кунед