ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори 28 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Устодон ва шогирдони азиз!

       Ҳозирини гиромӣ!

 Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамасола 23 — юми феврал дар саросари кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо — устодону донишҷўёни арҷманд ва меҳмонони гиромиро самимона табрику муборакбод менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, яъне ҳаждаҳуми декабри соли 1992 — дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. Ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид. Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар бошад, соли 1997-ум Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуда, шурӯъ аз соли 2005 — ум ҳифзи боэътимоди марзҳои кишвар пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузашт.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллат ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуд. Дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд.

Зикри як нукта муҳим аст, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрўз Артиши миллии мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 январи соли 2021, дар робита ба масъалаи фавқуззикр таъкид карданд, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимояи давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати мудофиаро муваззаф сохтанд, ки барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа,- иброз доштанд Сарвари давлат, — моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор созанд. Мутаассифона, ба узвияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Хушбахтона, дар донишкадаи мо чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Ба ин нигоҳ накарда, масоили вобаста ба шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии чунин ҳодисаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти ҳайати профессорону устодони донишкада қарор дошта бошад. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ба шогирдонамон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд».

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар Шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон хонаи обод, саодати рӯзгор ва саломативу сарбаландӣ таманно менамоям.