Бонувони арҷманд, устодони гиромӣ ва шогирдони азиз!

   Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзумандам.

   Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

   Ёдрас мешавем, ки гузаштагони хирадманди мо ҷашни модарро бо номи «Сипандормазгон» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.

   Президенти мамлакат ҳанӯз 6-уми марти соли 2009, зимни ироаи  Паёми шодбошиашон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда гуфта буданд: «имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон — мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд. Чунонки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд. Яъне, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин ва ба занҳои дурусткору хайрхоҳ будааст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд». Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.

   Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «пас имрӯз — дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад. Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд».

   Дар робита ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснуие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил гардад.

   Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

   Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардидаанд, ки ба беҳбудии ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат намуданд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ иброз дощтанд, ки  занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

   Хушбахтона, имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 129 нафар бонувон кору фаъолият намуда истодаанд, ки 13 нафарашон дар вазифаҳои ноиби ректор, декани факулта, мудири кафедра, сардорони шуъбаҳо ифои вазифа доранд. Аз миёни бонувони  донишкада 7 нафар номзади илм, 15 нафар дотсент,  5 нафар Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва 3 нафар Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон мебошанд. Донишҷӯдухтарон дар озмунҳои гуногуни сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ғолибият ба даст овардаанд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси якуми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Мадина Зоирова дар наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” — и Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ширкат варзида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва бо диплом қадр карда шуд. Дар донишкада тибқи квотаи президентӣ 76 нафар таҳсил намуда, 1 нафар стипендияи президентӣ ва 3 нафар стипендияи номӣ мегиранд.

   Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям. Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд!

[metaslider id=2995]