Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 28 октябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

   Дар маросими имзои созишнома Соибҷон Бегматов, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон”, Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Усмонзода Хайридин Усмон, ноибони ректор ва декани факултаҳои донишкада ҳузур доштанд.

   Пеш аз имзои Созишномаи ҳамкорӣ ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон перомуни робитаҳои густурдаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давоми солҳои охир баёни андеша намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯз ба рӯз рушд ва тавсеа меёбанд. Ректори донишкада таъкид кард, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 марти соли 2018 сурат гирифта буд, дар саҳифаи муносибатҳои байни давлатҳо саҳифаи тоза боз намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр дар Қасри Миллат зикр сохтанд, ки:“Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.

   Гуфтанист, баъд аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ба Тоҷикистон 17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳарду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

   Ректори донишкада аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд. Масалан, устод Тӯхтасин Ғафурбеков дар давоми солҳои зиёд раисии комиссияи имтиҳонҳои давлатии донишкадаро ба зимма доштанд.  Бо тавсия ва пешниҳоди он кас аксари олимони машҳури соҳаи санъатшиносии мо ба аспирантураи Консерваторияи Ӯзбекистон (ҳоло Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон), ки дар  Осиёи Миёна ягона буд, дохил шуда, рисолаҳои илмии худро дифоъ карданд.

   Ба таъкиди Усмонзода Хайридин Усмон, имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмии донишкада бо Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” тавсеа ёбанд, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад, китобҳои дарсии  олимони ӯзбек ба забони тоҷикӣ ва олимони тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷима ва ба табъ расанд.

   -Шумо озмоишгоҳи илмӣ- таҷрибавии мусир ва мутахассисони соҳибтаҷриба доред, ки дар он асбобҳои мусиқӣ сохта ва мутахассисони ин самт омода карда мешаванд. Дар ин самт ба мо кадрҳои соҳибтахассуси ҷӯр кардани асбобҳои мусиқӣ  намерасанд Аз ин лиҳоз, раёсати донишкада умед дорад, ки барои ифтитоҳи озмоишгоҳи хурд ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иқдом гирифта шавад,- иброз дошт Усмонзода Хайридин Усмон.

   Директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” Соибҷон Бегматов зимни суханронӣ тазаккур дод, ки “Шашмақом ин мерос ва сарвати умумиии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Мо бояд онро дар якҷоягӣ рушд ва такомул бахшем”. Зикр гашт, ки имзои Созишномаи ҳамкорӣ ин қадами нахустин аст ва итминон ҳосил шуд, ки дар оянда дар ин самт, ба манфиати мардумони ҳарду кишвар, қадамҳои  устувор гузошта мешаванд.

   Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, оид ба мақому манзалати Мақом ибрози назар намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Ман бисёр мехоҳам, ки мақомҳо он ҷойгоҳеро, ки дар қарнҳои 18-20 доштанд, аз нав барқарор намоянд. “Мақом ин фалсафа аст, онро бояд амиқ дарк кард, такомул бахшид ва эҳтиром намуд”, -таъкид кард Тӯхтасин Ғафурбеков.

   Баъдан, Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон”  Саибжан Бегматов ва ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Усмонзода Хайридин Усмон ба имзо расид.

   Дар созишнома омадааст: “Дар асоси Созишномаи ҳамкории байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат, илм ва маориф”, инчунин, бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дарки дуҷонибаи дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ, манфиатҳои муштарак дар соҳаи санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода созишномаи мазкурро ба имзо расонданд”.

   Ҳадафи асосии созишнома таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи  санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ (“устод-шогирд”) ва нашри натоиҷи таҳқиқотҳо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳарду муассиса, барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.

   Тибқи санади мазкур ташкил ва роҳандозии тарҳҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, форуму симпозиумҳо, озмуну консертҳо; гузарондани дарсҳои маҳорат (мастер-класҳо), семинарҳои илмӣ-амалӣ ва шабҳои эҷодӣ бо мусиқинавозони маъруф, сарояндаҳо, композиторони шакли анъанавӣ (бастакорҳо)-и ҳарду тараф; гузарондани табодули таҷриба байни устодони санъат ва бастакорон; баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисони боистеъдод ва ояндадор дар самти эҷоди илмӣ ва иҷрокунандагӣ; ташкили консертҳои алоҳида ва муштарак бахшида ба мусиқии классикии анъанавии Шашмақом бо иштироки иҷрокунандагони бомаҳорат — солистон-машшоқон ва вокалистони шакли анъанавӣ, ансамблҳои мақомхонҳо, устодони маъруфи санъати мақом ва композиторони шакли анъанавии ҳарду ҷониб дар саҳнаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; иштироки ҷонибҳо дар конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва машваратҳо; нашри муштараки матолиби илмӣ ва методӣ, инчунин табодули  таҷрибаи илмӣ ва адабиёти таълимӣ-методӣ; ҳамкорӣ оид ба иштирок дар барномаҳои байналмилалии бадеӣ, илмӣ таҳсилот ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.

   Ҳамзамон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба имзо расид.

Додоҷон  РӮЗИЕВ,

 муҳаррири Донишкадаи давлатии

 фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

[metaslider id=1869]