Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии «Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон», ки 14 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ба имзо расид.

          

Созишномаи ҳамкориро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Иброҳим Юлдошев ба имзо расонданд.

     Дар маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни робитаҳои густардаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давоми солҳои охир ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушд ва тавсеа меёбанд. Ректори донишкада таъкид кард, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 марти соли 2018 сурат гирифта буд, дар саҳифаи муносибатҳои байни давлатҳо саҳифаи тоза боз намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироии самимии меҳмони олиқадр дар Қасри Миллат зикр сохтанд, ки:“мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.

     Зикр гардид, ки пас аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 17 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанбаъ ба манфиати мардумони ҳарду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

     Ба таъкиди Муҳриддин Низомӣ, имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмию фарҳангии донишкада бо Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон тавсеа ёбанд, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад, китобҳои дарсии олимони ӯзбек ба забони тоҷикӣ ва олимони тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷима ва чоп шаванд.

      Ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Иброҳим Юлдошев зимни суханронӣ тазаккур дод, ки тоҷикону ӯзбекҳоро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Маҳз иродаи сиёсии роҳбарони давлатҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкорӣ, муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад. Ба имзо расидани Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ин қадами нахустин аст ва мутмаинем, ки дар оянда дар ин самт, ба манфиати мардумони ҳарду кишвар, қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

     Ёдрас мешавем, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, маърифатӣ ва эҷодӣ; гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак ва кор аз рӯи тарҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҷонибҳо; кор аз рӯи захираҳои иттилоотӣ, табодули иттилооти илмӣ, дастовардҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар доираи муқаррароти қонунҳои амалкунанда ва имкониятҳои ҷонибҳо; табодули идея ва андешаҳо оид ба масоили фарҳанг ва санъат, таҳсилоти касбӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат; омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ- педагогии ҷонибҳо; тайёр кардани мақолаҳои муштараки илмӣ дар доираи ҳамкории ҷонибҳо; ташкил ва гузарондани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо, консертҳои муштараки дастаҳои ҳунарии ҷонибҳо ва ѓайра дар назар дошта шудааст.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири МДТ “Донишкадаи

давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода”