Сухани табрикии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори Соли нави мелодии 2021

 Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!

 Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод,  сарбаландию  сарфарозӣ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

 Соли 2020 барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб рафта,  кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои басо  муҳимму назаррас ноил гардид. Дар ин соли пурфайз Раёсати МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи  Мирзо Турсунзода” фаъолияти гуногунҷанбаи худро бо мақсади дар амал татбиқ намудани  сиёсати дурандешона ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва  амалан ба роҳ монда, татбиқи паҳлуҳои ба донишкада рабтдоштаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»,  «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва дигар барномаҳои соҳавиро  самаранок  пайгирӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Маҳз дар ҳамин замина  ҳайати профессорону устодони донишкада барои дар сатҳи баланд  иҷро  намудани  вазифаҳои ба зиммаашон  вогузоршуда пайваста  кӯшиш ба харҷ дода, барои беҳтару хубтар ҷамъбаст гардидани натиҷаҳои имсолаи фаъолият дар самтҳои таълим, тарбия ва иҷтимоӣ, корҳои илмию эҷодӣ, ҳунарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Масоили вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Дар соли 2020 раёсати таълими донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои заруриро дар амал татбиқ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади тибқи  талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани низоми таълим дар донишкада Стандартҳои таҳсилоти касбии муассиса оид ба ҳамаи  тахассусҳо, нақшаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи низоми кредитӣ аз нав таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Мо дар ин давра оид ба ҳамаи  тахассусҳои таҳсилоти дуюм нақшаҳои таълимиро низ таҳия намудем. Инчунин, бо мақсади ҷавобгӯ гардондани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав ба раванди таълим аз фанҳои таълимии бахшҳои  умумикасбӣ ва тахассусӣ 9 китоби таълимиро ба нашр расонида, пешкаши устодону донишҷӯён намудем.

Ҳамзамон, дар соли 2020 раёсати донишкада 18 ихтисоси нав — 5 ихтисос дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) таъсис дода,  аз рӯи онҳо қабули донишҷӯёнро ба роҳ монд, ки аз ҷумлаи дастовардҳои донишкада ба ҳисоб мераванд. Ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, иттилоот ва робита бо ҷомеа ва санъатшиносӣ иборат мебошанд.

Раёсати донишкада ва масъулони бахши таълим дар соли нави 2021 баҳри баланд бардоштани савияи дониш, сифати таълиму тарбия ва  таъсиси ҳарчи  бештари ихтисосҳои вобастаи соҳа  саъю талош намуда, обрӯву мартабаи донишкадаро дар кишвар ва берун аз он боз ҳам баланд мебардоранд.

Дар соли сипаришуда, новобаста аз мушкилоти пешомада, ҳайати илмии донишкада барои иҷрои нақшаҳои дар пешгузоштаи худ талош карда, ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гардидааст. Дар соли равон, дар маҷмӯъ,  дар муассиса конференсияву ҳамоишҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои илмии сатҳи донишкадавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки ҳар яки онҳо дар тақвияти сатҳи илмӣ ва раванди таълими донишкада мусоидат кардаанд. Аз ҷумла, дар соли сипаришуда дар донишкада ду конференсияи донишкадавӣ, се конференсияи ҷумҳуриявӣ, шаш семинари илмӣ, се тренинги байналмилалӣ, нуҳ онлайн семинар-конференсияҳои байналмилалӣ, ду мизи мудаввар ва дувоздаҳ маҳфили илмӣ доир шуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки аз ҷониби устодони донишкада бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим пайваста корҳои методию илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом ёфта, китобу дастурҳо ва мақолаҳои илмӣ интишор мешавад. Аз ҷумла, дар соли равон аз ҷониби ҳайати кормандон ва устодони донишкада ду монография, яксаду сиву ду мақола, чор китоби дарсӣ, шонздаҳ дастуру воситаи таълимӣ ва ду маҷмӯаи мақола ба нашр расида, яксаду дувоздаҳ маърӯза дар ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ироа гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин давраи ҳисоботӣ бархе устодони донишкада рисолаҳои илмии докторию номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаҳои илмӣ шарафёб гардиданд. Аз ҷумла, Муминҷонов Зулфиддин рисолаи докторӣ, Иззатова Зулайхо, Табаров Нурулло, Арабов Фирдавс, Раҳмонов Абдусаттор, Самадова Гулҷаҳон ва Тоҷев Фаррухрӯз рисолаҳои номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ёздаҳ шумораи рӯзномаи «Олами ҳунар» дар ҳаҷми 4800 нусха интишор ёфтааст, ки дар ин шумораҳо беш аз 100 мақола, хабар, гузориш ва шеър ба нашр расидааст. Ҳамчунин, соли равон 4 шумораи маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» бо фарогирии 55 мақола аз чоп баромад.

Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 124 нафар магистр, 23 нафар докторант, доктор аз рӯи ихтисос (PhD), 4 нафар аспирант ва 21 нафар унвонҷӯ таҳсил мекунанд, ки дар оянда барои тақвият ёфтани иқдори илмии донишкада мусоидат менамояд.

         Раёсати донишкада дар соли оянда барои рушду тавсеаи фаъолияти илмии омӯзгорон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассиса тамоми шароити лозимиро фароҳам оварда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиҳои илмии арзанда пешвоз мегирад.

Гузашта аз ин, ҳайати профессорону устодони донишкада дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар рушди фарҳанги миллӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт мунтазам чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ доир менамоянд. Аз ҷумла, 13-уми ноябри соли 2020 бо ибтикори раёсати донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гашт. Дар раванди кори конференсия беш аз 30 мақолаи илмӣ, аз ҷумла «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», «Пешвои миллат  ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон», «Образи Пешвои миллат дар драматургияи тоҷик», «Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат», «Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон», «Рисолати Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат дар рушди туризми фарҳангӣ — маърифатӣ» шунида шуд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа, арҷгузорӣ ба хидматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо ибтикори Раёсати донишкада маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» аз чоп баромад.

Дар соли ҷорӣ устодон  ва донишҷӯёни донишкада ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи  2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз донишкада 2 нафар омӯзгор — Акрам Мирзоев дар номинатсияи овозхони эстрадӣ сазовори ҷойи 3 юм  (25 000 сомонӣ), Қобилҷон Шарипов дар наминатсияи овозхони академӣ ҷойи 5-ум (15 000 сомонӣ) ва донишҷӯ Фирдавс Маҳмудов соҳиби ҷойи 4-ум (20 000 сомонӣ) гаштанд, ки дар муқоиса ба озмуни соли гузашта натиҷаҳо назаррасанд.

Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бошад, аз донишкада 9 нафар донишҷӯ ширкат варзид. Аз байни онҳо   донишҷӯён  Мадина Зоирова  дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик»,  Умедҷон  Юнусалиев дар ҳамин номинатсия, Намруд Қадамшоев  дар номинатсияи  «Шоирӣ» ва Назира Доруева   дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»  ғолиб омада, ба даври  шаҳрии  озмун  роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрӣ  Мадина Зоирова ва Умедҷон  Юнусалиев ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ  роҳ ёфтанд.  Дар ин давр Мадина Зоирова  дар номинатсияи «Адабиёти  муосир»   соҳиби  ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ шуд. Умедҷон Юнусалиев бошад, дар ҳамин номинатсия иштирок намуда, сазовори Сертификати  Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид.

Дар маҷмӯъ, дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада назар ба соли пешин бештар аст. Раёсати донишкада дар соли 2021 барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ, махсусан Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро рӯи даст дорад, ки дар пайи амалӣ намудани онҳо мебошад. Ҳамзамон, баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву фарҳангпарварии донишҷӯён ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо итминон метавон гуфт, ки соли 2021 низ соли дастовардҳои бузург ва муваффақиятҳои беназир барои аҳли фарҳангу ҳунари кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо хоҳад шуд.

Бори дигар Шумо – устодону шогирдони гиромиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, умедворам, ки соли нави 2021 низ барои кулли тоҷикону тоҷикистониён соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд.