Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари аввали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Маҳз бо ташаббусҳои Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон қонуну қарорҳо, барномаҳои давлатии гуногунсоҳавии ҷавонон қабул гардида, чорабиниҳои зиёди муҳимми давлатӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонон дар даврони Истиқлолият дастовардҳои хуби заминасозу маърифатбахш маҳсуб меёбанд. Маврид ба зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ба тасвиб расиданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад.
Дар робита ба ин масъалаи муҳим, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст» .
Дар сиёсати давлатии ҷавонон масъалаи соҳибкасб намудани ҳар як шаҳрванди кишвар мавқеи муҳим дорад. Ин нукта дар Паёмҳои қаблии Сарвари давлат низ ба таври хосса таъкид гардида буд. Албатта, соҳибкасб намудани ҷавонон ба онҳо имкон фароҳам меоварад, то дар зиндагӣ мақеи хешро пайдо намуда бошанд. Пешвои миллат Ҳукумати мамалакатро дар ин маврид муваззаф намуданд, то дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати омода намудани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодии миллӣ таҳия ва амалӣ намояд. Аз ин лиҳоз, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷавонон мақеи хоса дошта, ҳамеша дар саргаҳи муносибатҳои идоракунӣ қарор доранд.
Президенти кишвар вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон иброз менамоянд: «Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои тиб, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеви ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем». Ҳамчунон зикр намудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.
Ба андешаи мо, муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа соҳиби дониш ва иттилооти фаровон будан аст. Иттилооту дониш бошад, асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Ба василаи осори баландмазмуни адибону донишмандони бузургамон халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳо муаррифӣ гашт. Дар баробари ин, ниёкони мо низ барои баланд бардошани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон истофода мекарданд.
Хотирнишон месозем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар масоили таълиму тарбияи ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида, соҳаи китобдориро, ки раванди идораи маърифати ҷомеаро танзим менамояд, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ пазируфтаанд. Дар ин давра ба раванди омода намудани олимони ҷавон, вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои муассир анешида шудаанд. Мо ин равандро дар фаъолияти амалии ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин баръало мушоҳида менамоем.
Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавон — сардори раёсати таълим Арабов Фирдавс унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи технологияи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ Раҳмонов Абдусаттор бо унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи филология ва забонҳои хориҷӣ Иззатова Зулайхо бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ, Галимова Моҳинур бо унвони илмии номзади илмҳои филологӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар соли 2022 Зокиров Суҳроб ва Бойбутаева Адолат рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Месазад, ки мо ба андешаҳои Пешвои миллат, ки «Минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ диҳанд», дастгиру ҳамовоз гардем.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳое ба майдони сиёсат қадам ниҳодаанд, ки ба шарофати ақлу заковати онҳо ҳар як насли нав тавонистааст ганҷинаи ниёгонро бо дурдонаҳои тоза ғанӣ гардонад, барои ояндагон мероси арзишмандеро боқӣ гузорад.
Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор гардида истодааст, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар қишрҳои аҳолии кишвар) такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бояд шукрона кард, ки мо ҷавонон дар айёми сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ дорем. Аз тамоми шароитҳои муносиб, ки бароямон муҳайё намудаанд, истифода бурда, барои илму маърифати замони хеш саҳмгузор бошем. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо ба таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост.
Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ояндаи миллату мамлакатро ба ҷавонон вобаста медонанд ва мунтазам таъкид менамоянд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони диловари Ватан, қаҳрамонони халқ — Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо тани дигар сипари Ватани азизи хеш бошанд.
Дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки зеҳну шуури ҷавононро тақвиятмебахшад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати ба самти барои ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон созгору манфиатбахш равона сохтани неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва вобаста ба ин ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо ва хониш ҳалли масъалаҳои зерини таъхирнопазирро зарур мешуморем:
- бо мақсади муайн намудани сабабу омилҳои дилсардии наврасону ҷавонон нисбат ба китобхона ва хониш ҳарчи зудтар дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ;
- ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи «Консепсияи хониши наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон»;
- таҳияи лоиҳаи «Консепсияи Китобхонаи миллии электронии наврасону ҷавонони Тоҷикистон»;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи рушди китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028».
Тадбирҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маънавии наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ равона гардида, кормандони соҳаро водор месозад, ки неруи илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намоянд ва бо эҳсоси ифтихормандӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро гузоранд.
Хулоса, дар доираи як мақола таҳқиқу баррасии проблемаҳои марбут ба хониш, монеаҳои раванди он, муайянсозии роҳу равиши оянда баҳри беҳтар намудани вазъият имконнопазир аст. Вале итминон дорем, ки олимону мутахассисони соҳа вабаста ба проблемаи мавриди назар ибрози андеша хоҳанд кард. Танҳо бо неруи муштараки марказҳои бузурги китобдорӣ-иттилоотӣ, олимону мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти мавҷуда комёб хоҳем шуд.
Зафари ШАРИФ,
Муслиҳиддин ШАРОФИДДИНЗОД,
омӯзгорони МДТ «ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода»
Расм аз «Ҷумҳурият»