Имрӯз яке аз бонувони ҳунарманд ва машҳуру мақбули қалби ҳамагон, чеҳраи саршиноси соҳаи фарҳангу санъат, омӯзгори пуртаҷрибаву соҳибмактаб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми таърих, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии факултаи санъати мусиқии мардумии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, ситораи хушҷилои осмони ҳунари овозхонӣ Муминова Ҳаётхон Аслоновна рӯзи мавлуд дорад, ки ба ин муносибат ин бонуи соҳибистеъдод ва тамоми ташнагони ҳунари волояшро табрику таҳният мегӯем.
Ҳаётхон Муминова 24-уми декабри соли 1962 таваллуд шуда, ҳанӯз аз айёми хурдӣ ба ҳунари овозхонӣ ва санъати оламшумули мо меҳру муҳаббати беандоза дошт. Ҳамин меҳру муҳаббат ва рағбати зиёду истеъдоди фитрӣ ӯро ба боргоҳи санъату фарҳанг – МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” овард, ки ин даргоҳи ҳунарро 19-уми июни соли 1985 бо ихтисоси «ҳофизии яккахонӣ (мақомхон») ва касби «муаллим, ҳофизи усули анъанавӣ» сарбаландона ва бомувффақият ба хатм расонид.
Ҳаётхон Муминова яке аз беҳтарин сарояндаҳои касбӣ дониста мешавад, ки инак наздик ба 40 сол дар саҳнаи касбии тоҷик ба корҳои эҷодӣ машғул буда, аз он 24 солаш ба ҳайси роҳбари бадеии Студияи консертии «Сайидон» (3 сол) ва ансамбли бонувони рубобии
«Чаман»-и (21 сол) Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият намуда, инчунин солҳои зиёде ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул аст. Ин бонуи ҳунар зиёда аз 100 сурудро аз эҷодиёти худ ва композиторону бастакорони тоҷик пешкаши ҳаводоронаш намуда, дар саҳнаҳои баланди касбӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Таронаҳои сароидаи ӯ дар хазинаи тиллоии Хонаи Радио ва дар шабакаҳои ТВ маҳфузанд.
Ин бонуи ҳунар дар баробари ҳунарманди шинохта будан, ба таҳқиқоти илмӣ низ машғул буда, соли 2012 ба аспирантураи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дохил шуда, соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Нақши бонувон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон(нимаи асриХХ ва оғози асриХХI)» дифо намудааст.
Муминова Ҳаётхон Аслоновна дар саҳнаҳои касбии кишварҳои мухталифе, аз қабили Россия, Украина, Молдова, Ҳоланд, Кореяи Шимолӣ, Руминия, Венгрия, Афғонистон ва ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бо муваффақият ҳунарнамоӣ карда, дар тарғиби фарҳанги мусиқии миллӣ саҳми арзандае гузоштааст. Шогирдони ӯ Н. Ҷӯраева, С. Хасанова, С. Ғафурова, Ш. Накубова, Бибиҳоҷар, З. Калбодов, Ҳ. Шоидонов, Р. Нурмамадов дар МД ФДТ ба номи А. Ҷӯраев, теъдоди дигари шогирдонаш, амсоли Ш. Абдуллоев, И. Раҷабова, М. Раҳимова, Д. Сӯфиев дар ансамбли «Фалак» ва А. Аловатов ва Ҷ. Абдуллоев дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қ. Тӯймурод, З. Назирова, У. Бобоев дар Хори Академии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва зиёди дигарашон дар дастаҳои ҳунарии театрҳои минтақаҳои гуногуни кишвар кор мекунанд. Ӯ дар солҳои 2011-2015 сардовари озмуни ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасон «Овози тиллоӣ» дар Телевизиони Баҳористон ба истеъдоди сарояндагии иштирокчиёни озмун баҳо дода, дар ҷалбу идомаи пешаи касбии чеҳраҳои нави ҳунари сарояндагӣ дар даврони Истиқлол саҳми арзанда гузоштааст. Аз оғози соли 2015 силсилаи барномаҳои илмӣ-фароғатии «Он сӯи қиссаҳо»-ро бо иштироки олимони варзидаи кишвар дар Телевизиони Сафина роҳандозӣ намудааст. Ин силсилаи барномаҳои илмӣ-фарҳангии телевизионӣ, барномаҳои пеш аз дифои рисолаи номзадии ӯ буда, аз ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти эҷодии бонувони барҷастаи таърихии тоҷик қисса мекард.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозии зиёд аст, ки дар арафаи рӯзи мавлудаш ин бонуи ҳунарвар аз ҷониби Президенти Иттифоқи Черноболчиёни Россия бо медали “Қаҳрамони Чернобил” сарфароз гардонида шуд.
Бори дигар ин бонуи ҳунарро ба рӯзи мавлуд ва 40-солагии фаъолияти илмӣ — эҷодӣ табрику муборакбод намуда, барояш беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои навбанави эҷодиро таманно менамоем!
Синои АБУАЛӢ