Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 20 феврали соли равон, бахшида ба 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва беш аз 100 нафар афсарону сарбозони Горди миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

   Ба ҳамоиши фарҳангӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр сохт, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд. Ёдрас шуд, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст.

   Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи ҷолиби консертӣ бо прологи пурмазмун аз рӯи достони «Суруши Сталинград»-и Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат оғоз гардид. Сипас, рақсу сурудҳои бахшида ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, қаҳрамонию ҷоннисориҳои афсарону сарбозон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳияи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов ва роҳбари мусиқӣ, дотсент Баҳрулло Нарзулллоев пешкаши ҳозирин гардиданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ