Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии донишкада бо мақсади таҳкими фазои фарҳангии пойтахти кишвар ва дар руҳияи ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, бунёдкорию созандагӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардану ба камол расонидани ҷавонони соҳибмаърифату соҳибкасб ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии онҳо силсиланамоиши намоишномаи “Нағмаи ҷинояткорон” аз рӯи асари Эгон Раннет таҳти коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов барои донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда, намоишномаро тамошо карданд. Муҳтавои намоишнома ба ҳаёти ҷавонон дахл дошта, ҷинояткорӣ аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ ва оқибатҳои ногувори онҳоро маҳкум намуда, роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иғвоангезро омӯхта, ахлоқи хамидаи инсониро тарғиб менамояд.
Намоишнома дар толори Театри таълимии донишкада ба таври силсилавӣ ба намоиш гузошта мешавад, то ки донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои пойтахт аз тамошои он ғизои маънавӣ бардошта, аз фазои фарҳангии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода огоҳ шаванд.
ҚУДРАТОВ Сино