Бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 80 — солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло  Рӯдакӣ  Маҳмудҷон Воҳидов барномаи фарҳангию фароғатӣ манзури аҳли нишаст гардонда шуд.

     Дар ин нишаст, ки шоми 7 ноябр баргузор гашт, ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода суханронӣ намуда, дар бораи ҳунари волои ин суханвари бузург, ки садои нотакрораш ба дилҳо маскан гирифтаву мисоли сарчашмаи поку беолоиш қалбҳои шунвандагонашро сероб гардондааст, маълумоти муфассал ироа доштанд. Мавсуф  хизматҳои Маҳмудҷон Воҳидовро барои худшиносии миллии тоҷикон арзандаву шоистаи таҳсин маънидод карданд.

     Дар ин рӯзи хотирмон Тағоймурод Розиқов — Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ барои хизмати шоистааш дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси миллии санъати театри тоҷик ва Кароматулло Юсупов — магистри курси 2-юми кафедраи режиссура ва продюсерии факултаи фарҳангшиносии донишкада барои дастовардҳои баланди таълимӣ, дониши хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии донишкада бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

     Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов бо суруди «Назаре нест», (К. Хӯҷандӣ), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон — Хосияти Зарафшонӣ бо суруди «Меравад» (шеъри Озарахш) ва  Ҳунарпешаи шоистаи  Тоҷикистон —  Хурсандмурод Зарипов бо суруди «Одамӣ» (шеъри Лоиқ Шералӣ) чорабинии фарҳангиро рангину гуворо ва қалбҳои бинандагону шунавандагонро шоду масрур гардонданд.

     Ин ҳамоиши бадеиро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсент, декани факултаи театр, кино ва телевизион Рустамҷон Воҳидов ба саҳна гузошт.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

саромӯзгори кафедраи

тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ