Мувофиқи нақшаи тарҳрезинамудаи қисми илми МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 28-уми июни соли 2021 дар донишкада Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо унвони “Шашмақом ва масоили мубрами рушди фарҳанги мусиқии тоҷик дар марҳалаи муосир” дар шакли он-лайн баргузор гардид.

Конференсияро доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фирӯз Улмасов пеш бурда, суханро ба ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дод. Ректори донишкада зимни сухани ифтитоҳӣ тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки марҳалаи муосири рушди фарҳанги мусиқии миллӣ ин ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷустуҷӯи шаклҳои нави дигарсозии он, дарки амиқи илмии ин раванди хеле муҳим маҳсуб меёбад. Самти муҳимми дигар баррасии масъалаҳои вобаста ба анъанаҳои таърихии Шашмақом, тавсеаи фарҳанги мусиқӣ, ҳамкориҳои судманди илмии иштирокдорони конференсия ва ба ин васила рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Ректори донишкада изҳорӣ боварӣ намуд, ки конференсия дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди фарҳангҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ҳамоиши илмӣ Гюлзар Маҳмудова — доктори илмҳои санъатшиносӣ, декани факултаи таърихӣ-назариявӣ, профессори кафедраи назариявии Академияи мусиқии Боку ба номи У. Гаджибелӣ, Саида Елеманова – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази, Камчибек Дюшалиев — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи миллии Қирғизистон ба номи К. Молдобосанова, Бахтиёр Ашуров — доктори илмҳои фалсафа оид ба санъатшиносӣ (PhD), мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Марина Дрожжина — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. И. Глинка, Шаҳноза Мирзоева – номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори фанни мусиқӣ-назариявии Мактаби кӯдаконаи санъати  ба номи Я. Флиери шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсияи мазкур, ҳамзамон Алишер Авғонов — номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, Аскаралӣ Раҷабов — доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърихи фарҳанги  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони донишкада — Кароматулло Раҳимзода – номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, Ҳаётой Муминова – номзади илмҳои таърих, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сурудхонии халқӣ, Фирӯз Улмасов — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, Сулаймон Рашидов — муаллими калони кафедраи режиссура ва продюссерӣ ва Шаҳноза Розиқова  муаллими таърих ва назарияи мусиқӣ  маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.

Дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-  назариявӣ перомуни мавзӯъҳои матраҳшуда, аз ҷумла “Истилоҳоти илми мусиқӣ дар мероси адабии Низомии Ганҷавӣ”,  “Оид ба баъзе сарчашмаҳои хаттии таҳқиқнашудаи мақом ва роғ”, “Ҷанбаҳои таърихии Шашмақоми Бухоро”, “Саҳми Барно Исҳоқова дар рушди анъанаи иҷрокунандагии Шашмақом”, “Оид ба баъзе ҷанбаҳои нави назариявии омӯзиши Шашмақом”, “Анъанаҳои ғарбии продюсерӣ дар кинематографияи мусиқии тоҷик”, “Нақши барномаҳои мусиқии радио ва телевизиони Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди санъати Шашмақом” мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Иштирокдорони конференсия баргузории чунин ҳамоишҳоро муҳим арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи Шашмақом ва фарҳанги мусиқӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ