Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 24-уми феврали соли равон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Носирҷон Мирзоев, муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Ҷумахон Муминзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Кӯҳзод Шодиев, Раёсати донишкада ва доираи васеи устодону донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ба ҳамоиш муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Носирҷон Мирзоев ҳусни оѓоз бахшида, иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Сарвари давлат дар Паём оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр сохтанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Кӯҳзод Шодиев мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ”-ро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, ҷори намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақаобатноки ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Пешвои миллат иброз намуданд, ки «вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад».

Ба гуфтаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, рушди саноат барои таъмин намудани устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ, зиёд кардани содироти мулу маҳсулоти ватанӣ ва рақобатпазир гардонидани он замина мегузорад. Аз таҳлилҳо бар меоянд, ки дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 маротиба (яъне аз 10 млд. сомонӣ ба 27,5 млд. сомонӣ) ва ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5,1 банди фоизӣ (яъне аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.

Муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Ҷумахон Муминзода нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла тазаккур дод, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. Пешвои миллат дар паёми навбатӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамоишро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҷамъбаст карда, ба меҳмонон барои  маърӯзаҳои пурмуҳтаво, ки нуктаҳои муҳимми Паёмро боз ҳам равшантару возеҳ намуда, ба иштирокдорон расониданд, изҳори ташаккур намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо  мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.

Додоҷон РӮЗИЕВ