11 — уми  феврали  соли  равон   дар   факултаи  Режиссура, кино   ва  телевизиони  МДТ  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати   Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо   Турсунзода”      нуктаҳои  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳу тавзеҳ дода  шуд. Дар  вохӯрӣ   муовини  ректор  оид  ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ  Наимзода  Дилором  Наим,  декани  факултаи  режиссура,  кино  ва   ТВ Лутфулло   Ниёзов, сармутахассиси   корҳои  тарбиявии  донишкада  Дилшод  Умаров  иштирок     ва   суханронӣ  намуданд.

         Дилором  Наимзода  иброз дошт,  ки   Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон    ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санади  сарнавиштсоз,  роҳнамо  ва   мукаммале  мебошад,  ки   самтҳои  асосии   сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  кишвар,   нақшаву  барномаҳои  рушди   устувори  минбаъдаи    ҷомеаро  дар  тамоми   соҳаҳои   хоҷагии  халқи  мамлакат   фаро  мегирад.  Паёми навбатии Сарвари давлат  вазифа,  мақсаду  маром,  роҳу  воситаҳои   амалиро   барои   расидан    ба  ҳадафҳои  стратегӣ  муайян  ва  мушаххас  менамояд. Инчунин,   дар  Паём дар баробари   самтҳои  гуногуни   иқтисодиёти   кишвар    аз ҷониби  Пешвои  муаззами миллат  ба  соҳаҳои   муҳимми    иҷтимоии  мамлакат  низ  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  карда  шуда,   ҳамаи  ҷанбаҳои  иҷтимоӣ,  аз  ҷумла бахшҳои маориф, тандурустӣ,   илму   фарҳанг,   таълиму тарбия,  оила, занон, ҷавонон,  варзиш,  беҳтар   кардани  сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, таҳкими иқтидори    мудофиавии   мамлакат, амният  ва   субот дар ҷомеа, мубориза   алайҳи   қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирӣ аз  паҳншавии  фарҳанг ва   ғояҳои  бегона  ва дигар   зуҳуроти номатлуб  дар ҷомеа  бо  нарзардошти   пешрафт ва  камбудиҳои  ҷойдошта   матраҳ  гардиданд.

Декани   факултаи режиссура,  кино  ва   ТВ Лутфулло  Ниёзов тазаккур дод,  ки  барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд. Бар пояи иттилои ӯ, ба   шарофати  Истиқлоли   давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   мо  30  —  юмин  солгарди  Истиқлоли   давлатиро      бо   шукӯҳу  шаҳомати   хосса  ва   бо  дастовардҳои  беназири  сол таҷлил  намудем,  ки  ин  ҳама шаҳодат  аз  он  медиҳанд, ки     сулҳу  субот  дар  кишвари  азизи  мо  ҳукумфармост.

Лутфулло  Ниёзов таъкид кард, ки роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар дигар факултаҳои донишкада тибқи нақша-чорабиниҳои тарҳрезишуда идома дорад.

 

  Кароматулло  ЮСУПОВ,

мудири    шуъбаи  кор  бо ҷавонони

 МДТ  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг

  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода”