Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли коргоҳ ва ҷойи зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад. Ба ин мақсад, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ пайваста дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” корҳои сабзу хуррамгардонӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба арафаи ҷашни 25 – солагии Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва 100 – солагии собиқ ректори донишкада, вазири пешини фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, гирду атрофи муассиса ва қитъаҳои вобасташуда шанбегӣ гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ донишҷӯёни донишкада, омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишкада иштирок карда, ҷуйборҳоро тоза ва бехи дарахтонро нарм намуданд.
Бояд қайд намуд, ки иштироккунандагони ҳашари умумӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ барои ба тартиб даровардани қитъаҳои вобасташуда дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атрофи донишкада кӯшиш ба харҷ доданд.Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст, ки корҳои ободонӣ аз рӯи он мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Дилшод УМАРОВ.