Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки устодону донишҷӯён ва кормандони хоҷагӣ шанбегӣ гузаронда шуд.

     Иштирокчиёни шанбегӣ дар саҳни ҳавлии донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён дар масоҳати 500 метри мураббаъ заминҳоро аз хасу хошок ва 100 м қубурҳоро аз баргу лой тоза карданд. Инчунин, 50 метри мурабаъ заминро нарм када, гулбуттаҳо ва дарахтонро ба тартиб дароварданд.

     Қитъаи замини аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷудогардида дар масоҳати 40 метри мураббаъ нарм гардида, аз кӯчаи Борбад то буриши кӯчаи А. Ҷомӣ замини барои гулҳои мавсимӣ таъйиншда аз алафҳои бегона тоза гардиданд. Гузашта аз ин, бехи дарахтони ҳудуди донишкада аз алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуданд.

     Ташкил ва гузарондани шанбегиҳо дар донишкада минюаъд низ тибқи нақша идома хоҳад ёфт.

 

Султон ҚОСИМОВ,

мудири хоҷагӣ