Тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ин ё он коргоҳ ба кормандонаш вобастагии амиқ дошта, фарҳанги зебоипарастии инсонҳоро таҷассум менамояд.

Имрӯз бо ибтикори садорати факултаи санъати театрии Муассисаи давлатии таълимии   «Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ шанбегӣ доир гардид.  Устодону донишҷӯёни факулта даромадгоҳи асосии донишкада ва гулгашти ҳамшафати онро тозаву озода намуда, бехи дарахтони ороиширо нарм намуданд.

Бояд зикр намуд, ки устодону  донишҷӯён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  пайваста дар корҳои ҷамъиятии донишкада иштирок намуда, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва ба ин васила барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  нақшаи  тасдиқ намудаи  раёсати  донишкада мунтазам дар муассиса  бо иштироки кормандону  донишҷўён  ҳашар — шанбегиҳо гузаронида мешаванд.

Синои АБУАЛӢ