Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо .

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандону  донишҷўёни  МДТ  «ДДФСТ  ба  номи  М.Турсунзода»  пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидани атроф  саҳмгузорӣ менамоянд.

Санаи 03-04-2021  дар доираи иҷроиши  нақшаи  чорабиниӽои  Муассисаи  давлатии  таълимии  «Донишкадаи  давлатии  фарӽанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба  номи  Мирзо  Турсунзода  дар  самти  корӽои  ободонӣ  ва  сабзу  хуррамгардонӣ  бо  мақсади  сазовор  пешвоз  гирифтани  ҷашни  30-солагии   Истиқлолияти  давлатии  Ӌумӽурии  Тоҷикистон,  110-солагии  Мирзо  Турсунзода ва  50-солагии МДТ «ДДФСТ  ба  номи  Мирзо Турсунзода»  дар донишкада  шанбегӣ доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки кормандон  ва  устодону  донишҷуёни донишкада бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда,  тозаву  озода  намудани  гузаргоӽӽои  дохил  ва  гирду  атрофи  донишкада, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аз  рафти  шанбегӣ  дар  донишкада  намояндаи  Вазорати  фарӽангӣ  Ӌумӽурии  Тоҷикистон   бо  ӽамроӽии  ноибони  ректор  дидан  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи  нақшаи  тасдиқ  намудаи  раёсати  донишкада, бо супориши  ректори  донишкада  доктори  илмӽои филологӣ,  профессор  Низомӣ  М.З.  мунтазам бо иштироки кормандону  донишҷўён  ҳашар-шанбегиҳо гузаронида мешаванд.

Муовини  декани факултети 

санъати театрӣ:  Умаров  Д.