Санаи 28 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони   МДТ  «Донишкадаи    давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон   ба номи   Мирзо Турсунзода» семинари  омўзишӣ  оид  ба  баҳодиҳии  барномаҳои таҳсилотии аз рӯи самт (ихтисос)  таҳияшуда  бо  маќсади  ҷорӣ  намудан  дар  раванди  таълими  донишкада  дар  доираи  Лоиҳаи  грантии  «Тайёр  намудани  мутахассисони  соҳаи    воситаҳои   ахбори  оммаи   электронӣ   дар  шароити  гузариш  ба  низоми  таҳсилоти  кредитӣ»    баргузор  гардид.

Дар  семинари  омўзишӣ  муовини  ректор  оид  ба  таълим  номзади илмҳои педагогӣ Махсудзода  Ф. М.,  модератори  тренинг,  менеҷери  лоиҳа, декани  факултети  режиссура,  кино  ва  телевизион, доктори илмҳои филологӣ Муъминҷонов  З.,   муаллифони    барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои “WEB – журналистика”, “ Иттилоот ва робита бо ҷомеа”, “Режиссураи телевизион” ва “Кинотелеоператори телевизион”  докторони илмҳои филологӣ, профессорон Муродӣ М., Бобоҷонова Р., ва Муллоев Ш.Б. баромад намуда, зарурати ихтисосҳои нав дар замони ҷаҳонишавӣ ва тарбияи ҳирфавии журналистони воситаҳои электронии ахбори омма дар замони муосирро баён намуданд. Сипас байни муаллифону устодони дарсдиҳанда баҳсу мунозира ба амал омада, таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён омаданд.

Дар  охир  менеҷери  лоиҳа  аз  иштирокчиёни семинари омӯзишӣ  изҳори  ташаккур  намуда,  аз муаллифони барномаҳои таълимӣ хоҳиш ба амал овард, ки барномаҳои хешро то 10 октябри соли 2021 барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Бо ҳамин кори семинари омӯзишӣ ба анҷом расид.

Умаров   Дилшод

омӯзгори кафедраи режиссура

ва продюсерии факултети

режиссура, кино ва телевизион