Имрӯз семинари омӯзишии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Оид ба баррасӣ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” бо иштироки муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ва Абдулхолиқ Лутфия Абдулхолиқ, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова Ирина Холовна баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.       Дар қатори дигар муассисаҳо аз Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода“ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, сардори раёсатҳо, декани факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва устодон дар кори семинари омӯзишӣ тариқи онлайн иштирок карда, перомуни мавзуи семинар табодули афкор намуданд.       Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ мавзуи баррасишудаи семинарро муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки иштирокдорон метавонанд фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро доир ба  роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро ба унвонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Синои АБӮАЛӢ