Имрӯз дар  толори Шӯрои олимони  Муассисаи  давлатии  таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода»   дар  мавзӯи «Меҳргони  Истиқлол»   семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ  бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оѓоз бахшида, оид ба таърихи пайдоиш   ва  анъанаҳои  ин ҷашни бостонӣ  баёни андеша намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷашни Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, ниёгонамон ин ҷашни бостониро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи он ифода менамуданд.

     Мавсуф оид ба пайдоиши ҷашни Меҳргон, ҷан­баҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ — нуҷумӣ (фалакӣ), кишо­варзӣ ва мадании  он маълумот дода, зимнан таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, аз ҷумла ҷашнҳои аҷдоди ориёиамон, назири Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон, ки беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд, дубора эҳё гардиданд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгонамон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.  Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Баъдан   аз  рӯи  барномаи  семинар  маърӯзачиён  бо  навбат  суханрониҳо  намуда,  дар  атрофи  мавзӯъҳои  худ  муҳокимаҳо  ташкил  намуданд. Фарҳод Махсудзода, муовини ректор оид ба таълим, перомуни мавзӯи «Хусусиятҳои сенарӣ – режиссиёрии таҷлили ҷашни Меҳргон» ибрози назар намуда, оид ба тарзҳои баргузории ҷашни Меҳргон дар аҳди бостон ва замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, пешниҳодҳои ҷолиби диққат ва судмандеро манзури иштирокдорони семинар намуд.

Мавзӯи дигаре, ки дар семинари илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифт, «Ташкил ва баргузории ҷашни Меҳргон дар муаррифии ҳунармандон» буд, ки аз тарафи  Баҳрулло Хайруллозода, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ ироа гардид. Муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ нақши ҳунармандонро дар баргузории ҷашни Меҳргон калидӣ ҳисобида, зикр намуд, ки маҳз истеъдоду малакаи онҳо ба шукуҳу шаҳомати ин иди бостонӣ зимни ҷашнгирии он афзуда, оташи меҳру муҳаббаташро дар дилҳои мардум фурӯзон нигоҳ медорад.

         Собир Боев, декани факултаи санъати театрӣ дар мавзӯи “Нишонаҳои табии Меҳргон ва боварҳои асотирӣ”  андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки аслан, ҷашну оинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, кулли ҷашнҳои миллии мо ҳамоҳангӣ ва робитаи ногусастание бо устура, дину оин ва ҳикмат доранд. Дар ин маврид Фирдавсии бузург мефармояд: «Бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд».  Яъне, устура низ чун унсури таркибии фарҳанг дар раванди аз насл ба насл интиқол ёфтани анъаноту маросим ва ҷашну оинҳои миллӣ нақши бориз дорад.

Сино Қудратов, котиби Шӯрои олимони донишкада дар мавзӯи  “Васфи ҷашни Меҳргон дар осори адибон” суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои асосӣ ва бостонии мо буда, пайвандгари аҳду паймон, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббати инсонҳо ба якдигар мебошад.  Меҳргон аз умқи асрҳо ҳамчун ҷашни ҷамъоварии ҳосили кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори марди деҳқон муаррифӣ гардидааст. Шоирони гузашта дар ситоиши ин иди зебо шеърҳо гуфта, тавассути осори мондагорашон ҷашни Меҳргонро умри ҷовидона бахшидаанд. Ин рисолати наҷибро адибони даврони мо ҳам идома дода, ба васфи ҷашнҳои таърихиву миллиамон аз қабили Наврӯзу Сада ва Тиргону Меҳргон  пайваста шеърҳо эҷод мекунанд, ки ангезае барои боз ҳам бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ ва ифтихор намудан аз фарҳанги волою адабиёти ғании миллати бузурги мо мебошанд.   Котиби Шӯрои олимон чанд намунаи шеъриро аз осори адибони гузашта ва имрӯзи мо, ки дар васфи ҷашни Меҳргон сароида шудаанд, қироат намуда, бори дигар бузургӣ ва хидмати шеъру суханро дар зинда нигоҳ доштани расму оин ва ҷашнҳои таърихиву миллии мо аён намуд.

     Дар семинари илмӣ, инчунин мавзӯъҳои “Меҳргон ва вижагиҳои ҷашнгирии он”аз тарафи муовини декани факултаи санъати театрӣ Дилшод Умаров, “Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ”- омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Насибова Марҳабо, “Меҳргон ва аҳамияти байналмилалии он”- омӯзгори кафедраи режиссура ва продюсерӣ Зоҳири Сайфулло, “Меҳргон ва эҳёи  он дар даврони соҳибистиқлолӣ”- докторант аз рӯи ихтисоси (PchD) фаъолияти фарҳангии фароғатӣ  Юсупов Кароматулло,  “Меҳргон намоде  аз ҳуввият,  ҳамбастагӣ ва нишоти иҷтимоӣ”- омӯзгори кафедраи режиссура ва продюсерӣ Нуров Нодир ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин ҷашни бостонӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Семинари илмӣ-назариявии  «Меҳгони Истиқлол» — ро муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ Фарҳод Махсудзода ҷамъбаст намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди эҳёи анъанаву расму оини миллӣ ва бахусус ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда шудаааст. Вобаста ба ин, мо ҷавонони саодатманди даврони истиқлол бо шукргузорӣ аз ин сиёсат бояд пайваста дар пайи пажӯҳиши илмии ин падидаҳои фарҳангӣ бошем. Паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнҳоро омӯзем, арзишҳои онҳоро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.

Синои АБӮАЛӢ

Дилшод УМАРОВ