Имрӯз  дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии муассиса семинари илмӣ – амалӣ бо унвони “Забоншиносии муқоисавӣ ва методҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ ” бо ширкати устодону донишҷӯёни кафедра баргузор гардид. Кори семинари илмӣ-амалиро мудири кафедра Назарова М. З. ҳусни оғоз бахшида, доир ба масъалаи мавриди баррасӣ  фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуда,  зикр кард, ки мавзўи матраҳшаванда яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ба пажӯҳиши амиқ ва таҳлили ҳаматарафа ниёз дорад. Мавсуф баъд аз сухани ифтитоҳӣ маърӯзаи илмиашро бо унвони “Услубҳои диққатҷалбкунандаи омӯзиши грамматикаи забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯён”-ро ироа намуда, намудҳои гуногуни услубҳои омӯзиши грамматикаи забонҳои хориҷиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Сипас дотсенти кафедра, номзади илмҳои филологӣ Имматшоева М. Б. дар мавзӯи “ Ташкили корҳои мустақилона аз забони англисӣ дар низоми кредитии таҳсилот” ва  Самадова Г. Ю. Дар мавзӯи “Стиль педагогического общения преподователей русского языка” маърӯзаҳои омоданамудаашонро ироа намуда,  оид ба мавзӯъҳои меҳварие, ки дар кори семинар ба баҳс кашида мешаванд, маълумот доданд.

Ҳозирин мавзӯъҳои ироашударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, иброз намуданд, ки дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботҳои аввалиндараҷа мебошад.

Дар охир мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Назарова М. З.  ба иштирокдорони семинар барои иштирокашон арзи сипос намуда, таъкид кард, ки баргузор намудани чунин семинарҳо аз манфиат холӣ набуда, дар оянда низ бояд чунин иқдомҳои наҷиб ба роҳ монда шаванд.

Синои АБӮАЛӢ