Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Матни бадеӣ ва аҳамияти он дар рушди забономӯзии донишҷӯён” баргузор гардид. Семинарро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Назарова М. Р. ҳусни оғоз бахшида оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо талабот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ афзуда истода, вазъи забономӯзӣ дар мамлакат аз таваҷҷӯҳи хосаи масъулин бархурдор аст. Чунки бе донистани забонҳои хориҷӣ рушди ҳамаҷонибаи бисёре аз соҳаҳоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Сарвари давлатамон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ низ доир ба ин масъала яъне такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъкидҳои пай дар пай карда, тазаккур доданд, ки барои мутахассиси имрӯза донистани камаш ду забони хориҷӣ ҳатмӣ мебошад. Инчунин Барномаи нави такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ то соли 2030 тасдиқ шудааст, ки дар татбиқи он саҳми устодони забонҳои хориҷӣ аввалиндараҷа мебошад.  Бинобар ин моро лозим меояд, ки барои беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати таълими забонҳои хориҷӣ сайъу талош варзем.

   Баъдан маърӯзаи омӯзгори фанни забони англисӣ Наҷевуллозода Ардашер таҳти унвони “Корбурди матни бадеӣ дар дарсҳои забони хориҷии макотиби олӣ” пешкаши иштирокчиён гардид.

  Ҳамасола омӯзгорону олимони соҳаи забоншиносӣ роҷеъ ба чӣ тавр осон ва таъсирноктар кардани дарсҳои забономӯзӣ роҳҳои мухталифро ҷӯё шуда, таҳқиқоту таҷрибаҳоро дар дарсҳои омузиши забонҳо мегузаронанд.

  Дар чандин кишвари чаҳон як қатор таҳқиқотҳое бо истифода аз матни бадеӣ дар дарсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ руи даст омаданд, ки барои тезтар аз худ намудани забони хориҷӣ судманд мебошанд. Яке аз ин таҳқиқотҳо дар яке аз мактабҳои шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористони  Федератсияи Россия сурат гирифтааст, ки натиҷаи хеле хуберо ҳам ба бор овардааст. Ҳадафи муаллифон нишон додани принсипхои кор бо асари бадеӣ дар аудиторияхо бо донишҷӯён мебошад, ки забони англисиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд. Масъалаи мазкур дар мактаби 49-и шаҳри Қазон асос ёфтааст.

   Муаллимони забонҳои хориҷии мактаби 49-и ноҳияи Ново-Савиновскии шаҳри Қазон аз ҷумлаи он омӯзгороне мебошанд, ки як таҳқиқотеро доир ба омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз матни бадеӣ гузарониданд. Онҳо маводҳои таълимии матнҳои бадеии дар китобҳои таълимии дарсии ҳозира овардашударо истифода бурдаанд, ки натиҷаи хуб дода, забономӯзии хонандагонро осонтару хубтар намудааст.

           Имрӯзҳо илова бар ин ҷанбаи корбурди забони хориҷӣ барои мо дорои аҳамияти зиёде ҳаст. Яке аз усулҳо ё равиши тезтар омӯзонидани забонхои хориҷӣ ин ба воситаи корбурди матни бадеӣ дар дарсҳои забонхои хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъбасти семинар байни устодон ва маърӯзачиён табодули афкор ба миён омада, баргузории чунин семинарҳоро судманд арзёбӣ намуданд.

Синои АБУАЛӢ