Ҳар як инсони соҳибақл мекӯшад, ки дар зиндагӣ соҳибмавқеъ ва соҳибҳунар бошад. Бо ин роҳ нони ҳалол ёбаду  хушбахт гардад. Барои  ин шабу рӯз заҳмат мекашад. Агар зар аз суфташавии бардавом зеботару ҷозибноктар гардад, фарзанди инсон  аз таълиму тарбияи  хуб соҳибхирад мегардад, ки ин кори басе душвору  заҳматталаб аст. Омӯзгорӣ пешаи мушкиллу пурзаҳмат буда, масъулияти зиёдеро тақозо дорад. Танҳо шахси қавиирода, меҳнатдӯст, донишманд ва некбину ростқавл метавонад лоиқи ин касби пуршараф бошад, бори вазнини онро сабурона бикашад.

   Месазад, ки  аз рӯзгори  омӯзгорони ҷонфидо ҳар чӣ бештар бохабар бошем ва фаъолияти эшонро  чун намунаи ибрат бипазирем.

   Яке аз олимони шинохтаи соҳаи китобдории тоҷик номзадии илмҳои педагогӣ, профессор, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии  «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Бозорбой Холов мебошад, ки таъриху рушди китобдории тоҷик пайваста дар маҳаки таҳқиқу таълими ӯ қарор дорад.

   Роҳи  тайнамудаи ӯ то  ба имрӯз оддист: хатми мактаби миёна, донишҷӯи донишкада, фаъолият дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва соҳиб шудан ба номи баланди омӯзгорӣ дар факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкада.

   Таълиму тарбияи омузгорони сахтгиру серталаб дар ташаккули тафаккур ва сайқали махорати  китобдӯстии Бозорбой Холов ва қобилияту истеъдоди мавсуфро ба назар гирифта, ӯро барои кори педагогӣ ва илмӣ_ба кафедраи китобхонашиносӣ ба  ҳайси омӯзгор даъват намуданд. Ӯ тадриҷан рӯ ба пажӯҳиш оварда, назария ва амалияи илми китобхонашиносиро амик омӯхта, бо машварату ҳидояти донишмандони варзидаи соҳа ба кори илмӣ машғул мешавад. Мавзӯи таҳқиқотии  ӯ ба яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи китобдории тоҷик «Бунёди китобдорӣ дар Тоҷикистон»,  бахшида шудааст, ки он аз ду ҷиҳат  ниҳоят ҷолиб аст: аввал ин ки бори якум масъалаи бунёди китобдорӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст, дуюм вазъ ва рушди китобдории ҷумҳурӣ дар муқоиса бо дигар  ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ муқоиса карда шудааст.  Заҳматҳои шабонарӯзии ӯ буд, ки соли 1989 рисолаи илмии хешро баҳри дарёфти унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ дар яке аз марказҳои бонуфузи китобдорӣ  шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)  бомувоффақият  дифоъ  намуд.

   Устод дар бахши илму таҳқиқот ҳанӯз аз ибтидои солҳои 80-уми асри XX иқдоми ҷиддиву устувор гузошт. Ӯ дар ин муддат беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимӣ рӯи кор овардааст. Аз силсилаи таҳқиқотҳои олим метавон баъзе аз онҳоро номбар намуд: «Фонди кушоди китобхона», «Мураттабсозии адабиёт ва ташкили феҳристи мураттабӣ», «Тарбияи касбии китобдорон дар Тоҷикистон: проблемахои ислохот», «Маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон: проблема ва дурнамо», «Ташаккули фарҳанги китобдорон дар Тоҷикистон», «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Махзани дониш», «Ҷоринамоии ҷадвали ТКБ дар фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ», «Рушди маҷмӯи китобхонаҳои оммавӣ дар Тоҷикистон» ва ғайраҳо. Асару мақолаҳои илмии устод арзиши баланди илмӣ доранд. Дар асарҳои Бозорбой Холов  моҳияти фонди китобхона,  феҳристҳои китобхона, хадамоти китобдорӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, бунёди китобдорӣ дар Тоҷикистон, тайёр намудани кадрҳои варзидаи китобдорӣ ва чандин масъалаҳои муҳими соҳа мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд. Забони асарҳои устод рехтаю суфта буда, барои донишҷӯён ва китобдорон мушкилие эҷод намекунад

   Ӯ  дар баробари таълифи асарҳои илмию методӣ ва таълимӣ ҳамчун декани факултет ҷиҳати азнавсозию ба талаботи замон мувофиқу созгор намудани барномаҳо, силлабусҳо, стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани фан ва тахассусҳои нав фаъолона ширкат варзидааст.

   Устод яке аз таҳиягарони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони  ҷаҳонишавии  фазои  иттилоотӣ» ва «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон» дар раванди ҳизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ» ба ҳисоб меравад.

   Як сирри комёбиҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии Бозорбой Холов дар он аст, ки ӯ забони тоҷикӣ ва русиро хеле хуб медонад. Тарзи баёнаш бисёр суфтаву равон, шевою гуворо ва хушсадо мебошад. Ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар гуфтору навиштаҳояш ғалат  нанависад  ва  меъёрҳои забони адабиро ба пуррагӣ риоя  намояд.

   Бозорбой Холов солҳои тӯлонӣ дар факултет ба ҳайси декан фаъолият намуда, кори таълиму тарбияро дар асоси сиёсати давлатии таҳсилот ва усулҳои онро бо дар назардошти ҷанбаҳои илмӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тарбияи худшиносию ифтихори миллӣ ба роҳ монд. Таҳти  роҳбарии  ӯ  чорабиниҳои  зиёди  илмию  фарҳангӣ  ва тарбиявии факултет баргузор мегарданд.                   

   Хизматҳои  шоистаи ӯ дар  пешрафти соҳаи китобдорӣ, бахусус тарбияву таълими мутахассисони ҷавобгӯи замони муосир назаррас аст. Ин аст, ки хизматҳояш бо як қатор мукофотҳо қадр карда шудаанд.  Бозорбой Холов бо таълифоти илмӣ ва методии хеш ғолиби озмуни «Олими пурмаҳсултарини сол», «Муаллими сол» дониста шуда, бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста», Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистои», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳои вазоратҳо, ташкилотҳо ва донишкада  сарфароз  гардонида шудааст.

   Бозорбой Холов пайваста дар пажӯҳиши ганҷҳои нуҳуфтаи  илми китобшиносии тоҷик буда, лаҳзае аз омӯзиш ва таҳқиқот  фориғ нест. Ӯ ҳоло дар айни камолоти эҷодӣ қарор дошта,  баҳри фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ва тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ  пайваста  кӯшишу ғайрат менамоянд.

   Вале аз ҳама баҳои баландтарини  хизматҳои бисёрсолаи Бозорбой Холов  қадрдонии ранҷу заҳматҳои ӯ аз ҷониби ҳазорҳо нафар шогирдонест, ки ӯро ҳамчун устоди серталаб, меҳрубон ва дилсӯз медонанду нисбати ин марди  шариф, устоди китобдорон меҳри беандоза доранд.

Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ
 ва библиографишиносӣ
МДТ «ДДФСТ ба
номи Мирзо Турсунзода»

Чоп кунед