Ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ – телекоммуникатсионӣ, рушди босуръати технология ва бозори иттилоотӣ, ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ – иттилоотӣ, мубодилаи илмию техникӣ ва фарҳангӣ баёнгари раванди фаъоли воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи муосири иттилоотӣ мебошанд.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати баланд бардоштани сатҳи пешрафти низоми миллии инноватсионии миллӣ ва масъалаҳои ба он вобастаро чунин муайян намудаанд: «Мо бояд дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».
    Аслан, роҳандозии низоми устувори инноватсионӣ ва дар доираи он ташаккул ёфтани боз як зернизом – зернизоми салоҳиятҳои инноватсионии китобдорон аз масъалаҳоест, ки кайҳо таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳаи китобдориро ҷалб намудааст. Дар кишварҳои пасошуравӣ олимону мутахассисони Россия дар ин самт дорои таҷрибаи ғанитар ва интишороти бештар мебошанд. Пажӯҳишҳои М.И Акилина, М.Г. Анисимова, С.А. Бражникова О.В. Ветчанова, Н.Л. Голубева, А.А. Графова Е.Н. Гусева, Е.Ю. Елисина, Н.С. Карташов, Е.Ю. Качанова, Е.С. Мартин, И.Ю. Матвеева, С.Г. Матлина, О.А. Ратникова, Е.В.Романова, С.С. Серейчик, Н.А. Толканюк ва дигарон манбаи боэътимоди омӯзиши мавзӯи мавриди таҳқиқ ба шумор рафта, дар онҳо моҳияти инноватсияҳо, ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии идоракунии инноватсияҳои китобдорӣ, шароитҳо, самтҳои ташаккул ва рушди назарияи инноватикаи китобдорӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.
    Муҳаққиқон Ю.Б. Авраеева, Н.В. Борисова, Л.Н Голенок, Л.Л. Диденко, Е.А. Ермакова, Е.Ю. Качанов, Е.С. Мартин, И.Ю. Матвеева, Нгуен Тхи Лан Тхан, Б. Нурыев, О.А. Ратникова, З.В. Руссак, Н.А. Толканюк, Н.Т. Чуприна ва дигарон ҷанбаҳои гуногуни инноватикаи китобдорӣ, аз ҷумла татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳоро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, ташаккули салоҳияти инноватсионии китодоронро ба сифати омили муҳим дар таъмин намудани самаранокӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорию библиографӣ илман асоснок кардаанд.
    Барои китобхонашиносии тоҷик даҳсолаи дуюми асри XXI дар омӯзиши масъалаҳои вобаста равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии инноватсионии китобдорон давраи нисбатан пурмаҳсул маҳсуб меёбад. Муҳаққиқон Ё. Бердизода, Б. Боев, Г. Бутаева, Зафари ШарифФ. Ёрзода, Ш. Комилзода (Ш. Тошев)М. Комилов , Н. Раҷабова, М. Ҷалилов, С. Шосаидзода (С. Шосаидов) дар радифи масъалаҳои умумии инноватикаи китобдорӣ, ба мавзуи салоҳиятнокии инноватсионии китобдорони тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.Нуқтаи муҳимтарин дар таҳқиқоти олимону тоҷику рус ин кӯшиш ҷиҳати дарки моҳияти мафҳумҳои «инноватсия», «инноватсияҳои китобдорӣ» ва «фаъолияти инноватсионӣ» мебошад.
    Ба андешаи С. Шосаидзода «сарчашмаи фаъолияти инноватсионӣ илҳоми эҷодии инсон аст. Пайдоиши инноватсияҳо ин натиҷаи саъю талоши инсон баҳри такомули фаъолияти мавҷуда, бартараф намудани таззод байни ҳолати (вазъияти) мавҷуда ва дилхоҳ мебошад».
    Дар қомуси китобдорӣ шарҳи зерини мафҳуми «инноватсияи китобдорӣ» ба назар мерасад: «инноватсияи китобдорӣ ин ғоя, методика, лоиҳаи асил, ғайристандартии аз қоидаву анъанаҳо ва шаклҳои мавҷудаи кор берун аст, ки муносибати нав нисбат ба мундариҷа, ташкили хизматрасонии китобдорӣ, технология ва идоракунии китобхонаро инъикос менамояд. Инноватсия, дар маҷмуъ, рушди китобхонаро таъмин намуда, ё ба сифат ва самаранокии унсурҳо, инчунин равандҳои фаъолияти он таъсири мусбат мерасонад».
    Муҳаққиқ Е.Н. Гусева инноватсияҳоро ба фаъолияти эҷодии китобдорон алоқаманд маънидод карда, таъкид мекунад, ки «инноватсияҳо ба маънои иҷтимоӣ ин ихтирооти берун аз нақша ва (ё) ихтирооти асил, маҳсули фаъолияти навоваронест, ки ба эҷодиёт асос ёфтааст».
   Гурӯҳи дигари олимон мафҳуми мазкурро ба дигаргуншавии сатҳу сифати фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ алоқаманд ҳисобида, зикр намудаанд, ки «инноватсияи китобдорӣ» — ин намунаи ҷорикардашудаи фаъолият, маҳсулот, хизматрасониҳоест, ки дорои сифати навгонии мутлақ ё нисбӣ мебошад; онро аз доираи суннатҳои азбаршуда берун баромадан; ба сатҳи усулан беҳтаршуда ё сифатан нав баровардани фаъолият маънидод кардаанд». «Аз доираи суннатҳои азбаршуда берун баромадан», «ба сатҳи усулан беҳтаршуда ё сифатан нав баровардани фаъолият»-и китобдор дар мавриде муяссар мегардад, ки агар китобдор дорои сатҳи баланди салоҳиятнокии инноватсионӣ бошад.
Китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоӣ–фарҳангӣ ва марказҳои муҳими иттилоотӣ дар раванди иттилоотонии ҷомеа нақши калидиро мебозанд, аз ин рӯ, дар таъмини пешрафти фаъолияти иттилоотию библиографии онҳо муҳаққиқон татбиқи равандҳои инноватсиониро муҳим арзёбӣ мекунанд.
   Дар шароити рушди босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ва фазои муосири иттилоотӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ саривақт таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот яке аз вазифаҳои муҳими иҷтимоии китобхонаҳо ба шумор рафта, татбиқи он аз баланд бардоштани сатҳи салоҳияти инноватсионии китобдорон вобастагии амиқ дорад.Зеро аз технологияи муосири иттилоотӣ танҳо китобдороне самаранок истифода бурда метавонанд, ки дорои сатҳи баланди салоҳиятнокии инноватсионӣ бошанд.
   Аз ин лиҳоз, ташаккули низоми сифатан нави хизматрасонии иттилоотию китобхонавӣ ба аҳолӣ, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон нисбати дастрасии озодона ба иттилоот, аз ҷумла аз худ намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини китобдорони тоҷик маҳсуб меёбад.
   Баҳри ошкор ва мушаххас намудани монеаҳои раванди ташаккули салоҳияти инноватсионии китобдорон мо тавассути пурсишнома ба китобдорон бо саволҳои «Оё Шумо барои аз худ кардани навгониҳои китобдорӣ омода ҳастед?», «Оид ба инноватсияҳои китобдорӣ чиро медонед?», «Инноватсияҳои китобдориро дар фаъолияти хеш чи гуна истифода мебаред?», «Шумо инноватсияҳои китобдориро бо кадом мақсад истифода мебаред?»,«Барои омӯзиш, коркард ва ҷорӣ намудани навгониҳои китобдорӣ ба Шумо чи халал мерасонад?» муроҷиат намудем. Дар таҳқиқоти озмоишӣ 205 нафар китобдорон, 33 нафар кормандони (методистони) марказҳои методии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок доштанд.
Дар маҷмуъ, 58,8 фоизи китобдорон иброз намуданд, ки онҳо барои аз худ кардани навгониҳои китобдорӣ омода ҳастанд, 18,0 фоиз ҷавоб додаанд, ки барои аз худ кардани навгониҳои китобдорӣ омода нестанд, 23, 2 фоизи боқимонда мавқеи худро ҷиҳати аз худ кардани навгониҳои китобдорӣ муайян карда натавонистанд.
   Дар таҳқиқоти озмоишии мо нишондиҳандаи муҳим ин кам шудани шумораи китобдоронест, ки сатҳи омодагиашон ба фаъолияти инноватсионӣ паст аст. Ноил шудан ба чунин нишондиҳанда дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани корҳои озмоишӣ дар гурӯҳҳои назоратӣ ва озмоишӣ муяссар гардид. Таҳлили натиҷаи корҳои озмоишӣ нишон дод, ки агар шумораи китобдорони сатҳи омодагиашон ба фаъолияти инноватсионӣ дар гурӯҳи назоратӣ 44 фоизро ташкил диҳад, пас ҳамин нишондиҳанда дар гурӯҳи озмоишӣ ба 10 фоиз расида, аз натиҷаи мусбати корҳои таҷрибавӣ шаҳодат медиҳад.
   Яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар ҳама гуна намудҳои фаъолият, аз ҷумла дар фаъолияти инноватсионӣ ин худбаҳодиҳӣ мебошад. Зеро натиҷаи худбаҳодиҳӣ ин нишондиҳандаи воқеии дарки моҳияти масъала ба шумор меравад. Бо назардошти муҳиммияти нишондиҳандаи мазкур ҷиҳати муайян намудани мавқеи китобдорон дар фаъолияти рӯзмарра мо дар ду марҳила – сараввал соли 2021 ва сипас соли 2022, яъне пас аз ташкил ва гузаронидани силсилаи корҳои таҷрибавӣ ба китобдорон (бо ҷалби намояндагони гурӯҳҳои назоратӣ ва озмоишӣ) бо саволи «Шумо худро ба кадом категорияи зерини китобдорон мансуб медонед?» муроҷиат намудем. Натиҷаи таҳлили ҷавоби китобдорон собит намуд, ки бо шарофати ширкат дар машғулиятҳои раванди корҳои таҷрибавӣ ва худомӯзӣ, инчунин дарки моҳияти фаъолияти инноватсионӣ онҳо (китобдорон) тадриҷан аз уҳдаи муайян намудани мавқеи хеш дар фаъолияти рӯзмарраи китобхона баромада метавонанд, ҳамзамон вазъият дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ аз ҷиҳати татбиқи равандҳои инноватсионӣ тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад. Зеро тақрибан дар тӯли як сол шумораи китобдороне, ки худро ба қатори пешсафон мансуб медонанд, 17.5 фоиз ва ба қатори навоварон мансуб медонанд 13,6 фоиз афзуда, теъдоди китобдороне, ки худро ба қатори қаноатмандон нисбат медиҳанд, 16, 9 фоиз ва мутаносибан ба қатори анъанапарастон – 6,5 фоиз ва шубҳадорон – 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
   Дар баробари ин, таҳқиқот нишон дод, ки самаранокии ҳалли масъалаҳои соҳавӣ, аз дурусту мақсаднок истифода бурда тавонистани навгониҳои инноватсионии замони муосир ва сатҳи дониши тахассусии мутахассисон вобаста мебошад.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии омӯзиш, иттилоърасонӣ оид ба навгониҳо, кӯмакрасонӣ ба китобдорон дар самти азхуднамоии навгониҳои китобдорӣ дар сатҳи миллӣ барои тамоми шаклу намудҳои китобхонаҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият — «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи вилоятҳо — китобхонаҳои вилоятӣ, дар сатҳи шаҳрҳо – китобхонаҳои марказии шаҳрӣ, дар сатҳи ноҳия – китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ ба шумор мераванд. Аммо тақсимоти ҷавоби китобдорон ба саволи «Барои омӯзиш, коркард ва ҷорӣ намудани навгониҳои китобдорӣ ба Шумо чӣ халал мерасонад?» нишон дод, ки 42, 1 фоизи онҳо (китобдорон) норасоии таъминоти методиро дар ин самт монеаи асосӣ меҳисобанд.
  Яке аз масъалаҳои муҳим дар самти паҳннамоии навгониҳо ин вазъи иттилоърасонӣ оид ба инноватсияҳои китобдорӣ мебошад.Ба саволи «Ба андешаи Шумо вазъи иттилоърасонӣ оид ба инноватсияҳои китобдорӣ чи гуна аст?» 61, 3 фоизи китобдорон иброз намуданд, ки иттилоот оид ба инноватсияҳои китобдорӣ ниҳоят кам буда, дастрас кардани он душвор аст.
  Ташаккули эътимоди китобдорон нисбати зарурати ҷоринамоии навгониҳо ин пеш аз ҳама вазифаи марказҳои методӣ мебошад.
  Фаромӯш набояд, кард, ки фонди китобхона ганҷина ва хазинаи бебаҳои миллат аст ва истифодаи он ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад, ҷомеаи имрӯзаро ба асрҳову наслҳо мепайванданд, наслҳои имрӯзу фардоро бо фарҳангу тамаддун ва забони халқҳои дигар ошно месозанд, маҳз тавассути китобхонаҳо ганҷинаи маънавии ниёгонамон ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешавадБинобар ин,бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин барномаи давлатии рушди соҳаи китобдориро қабул ва татбиқ намуда истодааст, ки яке аз ҳадафҳои асоси онҳо таъминоти инноватсионӣ-методии фаъолияти китобхонаҳои кишвар маҳсуб меёбад.
  Муҳити созгори инноватсионӣ дар китобхона дар мавриде ташккул меёбад, ки агар миёни тамоми сохторҳои китобхона ва кормандони он, аз ҷумла ташаббускорону навоварон, барномаву лоиҳаҳои инноватсионӣ, субъектҳои раванди инноватсионӣ робитаву муносибатҳои муайян роҳандозӣ шавад ва раванди татбиқи ҳадафу вазифаҳои рушди инноватсионӣ гардад. Ба андешаи мо муҳити инноватсиониро ба таври нисбатан васеъ, маҷмуи шароитҳои гуногун, ки ба тамоми субъектҳои раванди инноватсионӣ таъсир расонида, боиси тағйироти сифатию шуморавӣ ва рушди бардавому устувори фаъолияти китобхона мегардад, арзёбӣ намудан мумкин аст.
  Ҳамин тавр, барои он ки муҳити китобхона ба воситаи неруманди ташхису тарҳрезии навгониҳои китобдорӣ мубаддал гардад, бояд дар заминаи муносибати муҳитӣ модели низоми маҷмуии амалиёти мақсаднок бо муҳит тарҳрезӣ гардад.
Вобаста ба ин, мо дар асоси методологияи муҳитӣ ғояҳои асосии муносибати муҳитиро барои тарҳрезии низоми ҷалби китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ ба таври зерин муайян намудем:
— муҳити китобхона омили асосӣ ва таъсиррасони раванди ҷалби китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ ва шарти зарурии тағйироти инноватсионӣ дар китобхона мебошад;
— зимни ҷалби китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ муҳити китобхона бояд ба объекти муҳими амсиласозии равандҳои инноватсионӣ табдил ёфта, ҳамчун муҳити созгори инноватсионӣ арзёбӣ гардад;
— дар раванди хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ робитаи муттасили китобдорон бо муҳити инноватсионии китобхона барқарор мегардад, ки он дар тарҳрезӣ намудани худи муҳит ва паҳн кардани навгониҳои китобдорӣ зоҳир мешавад;
— ҳудудҳои муҳити инноватсионии китобхона тағйирпазир буда, онҳо аз қобиляти китобдорон ҷиҳати роҳандозии муоширату иртибот барои тарҳрезӣ ва паҳн намудани инноватсияҳои гуногун вобаста мебошанд;
— ҷалби китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ омили муҳими раванди ташаккули бартарияти рақобатпазири муҳити китобхона дар шароити бозори доиморушдёбандаи иттилоотӣ мебошад. Ҷалби самаранокии китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ дар заминаи ба инобат гирифтани фардият, шавқу завқ ва талаботи ӯ, истифодаи механизмҳои худинкишофдиҳӣ, нерую имконияти худро дар амал татбиқ карда тавонистани китобдор имконпазир мегардад. Дар ин маврид шахсияти китобдор ҳамчун субъекти фаъоли раванди инноватсионӣ ва объекти таъсиррасонии ҳадафманд мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.
     Зимни тарҳрезии низоми ҷалби китобдорон ба фаъолияти инноватсионӣ тавассути истифодаи услуби илмии муносибати ба шахс равонашуда бояд нуқтаҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:
— барои иштирок дар фаъолияти инноватсионӣ бояд дар ниҳоди китобдор ҳадафҳои аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ арзишманд ташаккул дода шаванд;
— сифатҳои аз нигоҳи инноватсионӣ арзишманди шахсияти китобдоро мақсаднок инкишоф додан лозим аст;
— шароитҳое, ки барои аз худ намудани навгониҳо аз китобдор хусусиятҳои шахсию касбиро тақозо мекунанд, амсиласозӣ шаванд.
— симои касбӣ ва салоҳиятнокии инноватсионии китобдор дар заминаи ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишӣ муайян карда шавад.
Ҳамин тавр, муносибати бонизом, муҳитӣ ва ба шахс равонашуда барои таҳия ва татбиқи Консепсияи рушди таъминоти инноватсионӣ-методии фаъолияти китобхонаҳои давлатию оммавӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии инноватсионии китобдорон ҳамчун заминаи методологӣ хизмат мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза фаъолияти хешро тавре роҳандозӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона ташриф овардааст, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро ташаккул диҳад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултаи китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»