Бо дастуру ҳидоятҳои   Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон яке аз суннатҳои бостонии тоҷиконИди «Сайри гули лола«, ки нишони посдории фарҳанги ободиву эстетикии мост, эҳёгардид. Дар ин замина, анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф барои истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

   Дар таърихи  18 – уми апрели соли  2020  дар «Амфитеатри боғи  фарҳангӣ – фароғатӣ  ба  номи  Абулқосим Фирдавсӣ»  ҷамъбасти   ҷашни «Сайри гули лола» ва озмуни  ҷумхуриявии «Гулҳо»  баргузор  гардид,  ки  дар  он  донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи  давлатии   фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода»  бо сару  либоси   миллии  идона  фаъолона  иштирок  намуданд. Дар чорабини  мазкур     Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои иҷтимоӣ  ва  робита  бо  ҷомеа Абдуҷаббор  Раҳмонзода  иштирок ва суханронӣ        намуда,   зимни мулоқоташ  аз  номи  Дастгоҳи  иҷроияи    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи     иштирокдорони   чорабиниро   шодбош намуд.А. Раҳмонзода изҳор намуд,  кимаҳз бо  иқдоми  наҷибонаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар   саросари     кишвари  азизи мо  озмуни   «Сайри гули лола»  бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор  мегардад. Тантанаҳои ин ҷашн ҳамарӯза тариқи оинаи  нилгун намоишдода  мешавад. Таъкид кардан ба мавридаст, киҷашни «Сайри гули лола» як   рукни   таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи   суннати мазкур дар самти дӯстдоштани табиат вазебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Ҳадафи  асосии баргузории ҷашни  «Сайри гули лола» ва озмуни ҷумхуриявии «Гулҳо» вусъат бахшидани ободонию  сабзкорӣ дар шаҳру    ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби  фарҳанги  зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Суннатҳои неки Наврӯзӣ, ки дар ҳама  минтақаҳои  кишвар  ба  онҳо  арҷ гузошта мешавад,  дар ин  чорабинӣ таҷассуми  худро ёфта буд. Ин фестивал бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро  гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён   муаррифӣ  мекунанд.

   Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани чунин иқдоми  нек  боис  мешавад, ки   одамон дар иҷрои амалҳои хайр кӯшиши ба харҷ дода, баҳамдигар кӯмак намоянд ва ба  инвосита эҳсоси  дӯстиву  рафоқат  ва ваҳдату   якдигарфаҳмӣ   миёни мардум тақвият  ёбад.

   Дар  охири ин чорабинии хотирмон ғолибон   бо  диплому  сипосномаҳо аз  номи  кумитаи тадорукот  сарфароз  гардонида шуданд.

Кароматулло ЮСУПОВ
 Раиси  созмони  ҷавонони МДТ
«ДДФСТ ба номи   Мирзо  Турсунзода»