Боиси сарбаландиву сарфарозии мост, ки дар чанд соли охир ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимона ёфта, Сарвари давлати Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун чеҳраи дурахшони сиёсӣ ва поягузори дипломатсияи об дар ҷаҳони муосир пазируфта шудаанд. Маҳз иқдоми Пешвои миллати мо буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ  пешниҳоду ташаббуси Пешвои миллати мо мавриди амал қарор гирифт. 

      Ташаббус ва пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли норасоии об барои тамоми сайёра мусоидат карда, онҳо барои пешгирии хатарҳои камобӣ нигаронида шудаанд. Пешвои миллат низ пайваста иброз медоранд, ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол душвор  гардида истодааст.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозандаи  одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки «мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем».

        Қайд кардан ба маврид аст, ки об захираи бузургест, ки чаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии инсоният, гулу гиёҳ, хайвоноту наботот, растанӣ, хоса зиндагии осоиштаву обод ва пурбаракоту зебоӣ аз об вобаста аст.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаҳои қаблӣ исбот месозанд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.

      Дар ин радиф эълон гардидани-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015,- соли 2013 ҳамчун  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ташаббусҳое  мебошанд, ки дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувори ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ барои рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

     Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд ва мо бояд дар амали намудани ин иқдомҳои наҷиб дар баробари башарият саҳмгузор бошем.

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фиканад дар он сангу хок.

    Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, арзишманд донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил ва асил аст, зеро он на танҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки маҳзани нуру  рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олам аст. Илман асоснок  шудааст, ки барои муътадил кор кардани бадани инсон  дар як шабонарӯз ба 2 – 2,5 литр об ниёз дорад. Об бузургтарин неъмат ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Сайёраи Замин дар байни системаи сайёраҳои Офтоб аз ҳама серобтарин шуморида мешавад. Муво­фиқи  ҳисоби  олимон ҳаҷми  уму­мии гидросфера 1,5 миллиард км3-ро ташкил медиҳад, вале мутаас­сифона, аз ин миқдор обҳои нӯшоки дар гидросфера ҳамагӣ 360000 км3, ё ин ки 25 фоиз рост меояду халос.  Иқтисо­диёти ҳар мамлакат аз оқилона истифодабарии захираҳои табиии он вобастагӣ дорад.

   Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби мусаффо  мебошад, ки истифодаи оқилонаи он имкон медиҳад ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Имрӯз диққати аҳли ҷомеаро ҳалли масъалаҳои оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Хабари  навбатие,  ки миллати тоҷикро хушҳол кард, ин бевосита аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд қабул гардид. Он яке аз қатъномаи нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст.

     Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

    Бояд гуфт, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд.

      Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии  халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад Воқеан ҳам,  дар шароити деҳот ва шаҳр бояд ба қадри об бирасем. Барои бештар дарк намудани қадру қимати об офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ, силсила вохӯриҳо бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар роҷеъ ба масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо, дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ мунтазам бароҳ мондани намоишҳои китобӣ,  силсила чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ аз қабили «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо», «Об – неъмати бебаҳо», «Об сарчашмаи ҳаёти башар» ва наворҳои кӯтоҳмуддат низ метавонад судманд бошад.

    Дар ҳамин радиф бо ташаббуси раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо» доир гардид.

    Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо суханронии пурмуҳтаво намуд. Мавсуф зикр намуд, ки яке аз равандҳои муҳим ва меҳварии иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ин густарда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба яке аз омилҳои муҳими ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро ба ҳам омадани намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.

     Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ин ва дигар  норасоиҳои сайёраи Заминро ба инобат мегирад, пайгирӣ менамояд ва ҳамзамон, иқдомҳои созандае аз худ рӯи кор меорад.

    Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мувофиқи маълумоти дастрасшуда дар кураи Замин зиёда аз ҳашт миллиард нафар аҳоли умр ба сар мебарад. Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар ба об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Оқилона ва самаранок истифодабарии об яке аз проблемаҳои муҳими на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Зиёда аз 92 дарсади оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 дарсади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад.

     Истифодабарии самаранокии он, алалхусус ба ин соҳа, аҳамияти калон дорад, чун ки аз ҳисоби оби сарфшуда ба кор андохтани  заминҳои нав, ё ин ки беҳтар гардонидани таъминоти оби заминҳои минтақа имконпазир  мегардад.

      Ҳамин тариқ, имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон боиси нигаронӣ аст. Гарчанде кӯлу обанборҳои мамлакати мо аз лиҳози обҳои мусаффо ғанӣ ҳам бошанд, моро бори дигар водор месозад, ки нисбат ба захираҳои беназири табиат ғамхорона рафтор намоем.

    Хулоса, мо шукргузор ҳастем, ки иқдомҳои пешгирифтаи кишвари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои иқдомҳои наҷиби Тоҷикистон арҷ мегузорад. 

 Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

 иттилоотшиносии МДТ

 «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»