Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 100-солагии арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангии тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, коргардон, драмнавис, олим, ректори пешини Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки муовинони вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён ва Манучеҳр Шарифзода, вазирони пешини фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукурова, Ато Ҳамдам, Мирзошрҳрух Асрорӣ, Кароматулло Олимов ва Шамсидин Орумбекзода, ректори пешини Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Аслиддин Низомӣ, номзади илми таърих, театршинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, нависанда, рӯзноманигор Тилло Некқадамов, фарзанди Меҳрубон Назаров Назар Назаров, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев ва дигар чеҳраҳои саршиноси соҳаи фарҳангу санъати миллӣ баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ-амалиро ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оѓоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Ректори донишкада ҳамзамон, маърузаи омоданамудаашро дар мавзуи “Машъалафрӯзи фарҳанги миллӣ” ироа намуда, аз чумла зикр намуд, ки дар таърихи инкишофи ҳар як миллату давлат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум зудуда намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд, ки онҳо натанҳо ифтихори миллати мо, балки берун аз он низ мебошанд. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт, фарҳанг ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва санъати кишвар Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон, ходими давлатию ҷамъиятӣ, коргардон драманавис, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров мебошад, ки дар рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми бориз гузоштааст.
Ин чеҳраи шинохтаи фарҳанг ва ҳунари кишвар яке аз бунёдгузорони факултаи санъати Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ) буда, баъдан, соли 1973, маҳз бо ибтикору роҳбарии ӯ ва дастгирии Вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, шахсияти шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров дар заминаи ҳамин факулта Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Иқдоми дигари устод Меҳрубон Назаров, ки бо дастгирии роҳбарияти олии вақти кишвар амалӣ гардид, ин ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон додани номи Шоири халќии Тољикистон, арбоби ҷамъиятӣ, публитсисти ҳақнигор, вассофи шуълавари дўстиву бародарии халқҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ќаҳрамони меҳнати сотсиалистї, дорандаи Љоизаи давлатии Љумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоњи Рўдакӣ, Ќањрамони Тољикистон устод Мирзо Турсунзода мебошад.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён дар мавзуи “Оинаи тахрихи фарҳанги тоҷик” оид ба ҳаёт ва фаъолияти Меҳрубон Назаров суханронӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки рушд ва эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ вазифаи муқаддаси арбобони санъат ва донандагони фарҳанги халқи тоҷик мебошад ва бо шарофати ин фарҳанги ҳазорсолаи мо аз ибтидо то замони мо бо тамоми нозукиҳояш расидааст. Фарҳанг ва санъат муаррифгар ва кафили маънавиёт ва тарбияи эстетикии ҳар як халқ мебошад. Дар байни халқи тоҷик шахсиятҳое, ба камолот мерасанд, ки тамоми умри хешро дар ҳифз ва рушди ҳаматарафаи тамоми самтҳои кишвари азизашон равона мекунанд.
Дар радифи чунин шахсиятҳо Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назарович мебошад, ки тамоми умри хешро барои инкишофи фарҳанг ва санъати тоҷик сарфа намудааст. Ӯ устоди ҳамаи устодони санъати замони мо мебошад, ки низоми корбарияш то ба имрӯз дар системаи офаридааш кор мекунанд.
Хизмати устод на танҳо барои кишвари азизи мо, балки барои кишварҳои ҳамзабону ҳамсоя низ бараъло дида мешуд. Умуман нақши вай дар ҳамаи самтҳои кишвар аз манфиат холӣ нест.
Роҳи тайнамудаи Меҳрубон Назаров дар фаъолияти тӯлониаш, роҳест пур аз ҷустуҷӯву дарёфтҳо, гусатани садҳо монеаҳои аёну ноаён. Дар бораи фаъолияти роҳбариву таҳқиқотҳои илмии Меҳрубон Назаров мақолаҳои зиёде аз ҷониби мусиқашиносон, шоирон ва ҳамкасбон дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва силсилаи нашрияҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Пешрафти маърифати баланди ӯ гувоҳи он аст, ки Меҳрубон Назаров новобаста аз вазифа, ҳамеша пайи сайқал додани маҳорат ва дониши худ дар соҳаи санъат буд.
Муовини вазири фарҳанг инчунин, қайд намуд, ки Меҳрубон Назаров дар радифи иҷрои вазифаҳои пурмасъул ҳамвора ба таҳқиқу тадқиқи масоили мубрами соҳаи фарҳангшиносӣ ва санъатшиносӣ, ки ҳалли онҳо тақозои замон буд, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекард. Вай дар тули фаъолияти пурсамари илмию эҷодии худ 295 китобу рисола ва мақолаҳои пурарзишро таълиф намудааст, ки аксари онҳо то ба имрӯз дар таҳқиқу асоснок намудани масоили назариявию методологии илми фарҳангшиносиву санъатшиносии тоҷик чун раҳнамои бунёди мавриди истифода қарор мегиранд.
Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, драматург Ато Ҳамдам дар мавзуи “Ёде аз Меҳрубон Назаров” суханронӣ намуда, аз се лаҳзаи зиндагии ҷолиби Меҳрубон Назаров ёдовар шуд, ки хеле муассир буд.
Ректори пешини Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Аслиддин Низомӣ маърузаи омоданамудаашро дар мавзуи “Вазири доно ва инсони шариф” ироа намуда, дар бораи сифатҳои наҷиби Меҳрубон Назаров — ин ходими пурмаҳсули соҳаи фарҳанг ёдовар гардид. Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки ин шахсият воқеан дар олами фарҳанг тавлид шуда дар ҳамин фазои маърифату ҳунар ба воя расидааст. Аз кӯдакӣ ба навохтани созҳои мусиқӣ, иҷрои суруду таронаҳои мардумӣ, баъдан бози кардани нақшҳо дар театр, таҷрибаҳои аввали коргардонӣ, ба саҳнагузоштани асарҳои классикии драматургияи ҷаҳонӣ, таҳсил дар мактаб-студияи актёрии Сталинобод бо роҳбарии Ҳ. Раҳматуллоев, азхуд кардани услуби роҳбарӣ ба ҳунармандон, ишғоли вазифаҳои гуногуни масъулиятнок, раҳбарии Кумитаи кино, сардории Раёсати санъат, сафари хидматӣ ба Кобул, муовинии вазир ва ҳамин тавр то ба зинаи олии маъмурияти соҳа – вазири маданияти ҷумҳурии сосиалистии Тоҷикистон расидан – ин аст марҳилаҳои зиндагиномаи Меҳрубон Назаров. Бубинед, аз овони ҷавонӣ гӯё ягон ҷанбаи ҳунари миллӣ ва касбӣ аз риштаи таҷрибаандӯзии Меҳрубон Назаров берун намондааст. Яъне шахсияти ӯ, дунёи ботинии ӯ амиқан дар фазои фарҳанг ва ҳунар ташаккул ёфтааст.
Профессор Аслиддин Низомӣ ҳамчунин тазаккур дод, ки Меҳрубон Назаров ҳамчун коргардон бештар аз 30 намоишномаро ба монанди “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А.Островский (1946), “Макр ва муҳаббат”-и Ф.Шиллер (1946), “Қишлоқи тиллоӣ”-и М.Миршакар (1947), “Калтакдорони сурх”- и С.Улуғзода (1948), “Тошбек ва Гулқурбон”-и М.Миршакар “Шӯҳрати нек”-и М.Рабиев (1957) ба саҳна гузоштааст.
Меҳрубон Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд.Ӯ дар муддати ду соли мушовири маданият буданаш дар саҳнаи театри “Кобул Нондорӣ” спектаклҳои “Шамҳое ки месузонанд”-и А.Латифӣ, “Марде, ки номаш фаромуш шудааст”- и У.Кӯҳзод, “Гунаҳкорони бегуноҳ”- и А.Островский, “Табиби зӯракӣ”- и Ж.Б.Моллер, “Шамъҳои сӯзон”-и К.Бесид ва ғайраҳоро манзури омма гардонидааст.М.Назаров муаллифи песаҳои бисёрпардагии “Орзу” (1964) “Дасти дуст” (1968) “Ҳалокати одат” (1970) ва як зумра песаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад. Тарҷимаи пиесаи “Модарандар”-и О.Бальзак низ ба қалами ӯ мансуб аст. Таҷрибаи саҳна, амиқ омӯхтани қоидаву қонунҳои нозуки театр имконият дод, ки М.Назаров ҳамчун драматург эҷод намояд. Асарҳои драмавии Меҳрубон Назаров “Найрангшоҳ”, “Орзу”, “Дасти дӯст”, “Ҳалокати одат”, “Пайроҳаҳои оташин”, “Ақида”, “Бахти ман,бахти шумо” дар саҳнаҳои гуногуни мамлакат ба намоиш гузошта шудаанд. Пайдост, ки асоси ғоявии асарҳои саҳнавии Меҳрубон Назаровро ҳамеша таҷассуми ҳаёт, рӯзгори бо чашми худи муаллиф мушщоҳида гардида ташкил медиҳанд. Дар давраи авҷи камолот М.Назаров ба андӯхтани илми санъатшиносӣ низ камар мебандад ва нахустин шуда асари мукаммали “Санъати халқи тоҷик”-ро таҳия ва нашр мекунад. Бояд эътироф намуд, ки ин асар аавалин таҳқиқот доир ба хусусиятҳои санъати миллии тоҷик ба шумор меравад.
Ҳунарманд, мусиқинавоз, коргардон, актер, драматург, ходими давлатӣ, вазир, ректори мактаби олӣ – яқин аст, ки ҳамаи ин вазифаҳои умрии М.Назаров гӯё яке аз дигаре маншаъ мегирад. Умри бобаракат, зиндагиномаи пурмаҳсул, муносибат ба ҳунар ва зиндагӣ – дар ҳамаи ин ҷанбаҳо меҳрубонии вазири доно ва инсони шариф – Меҳрубон Назаров таҷассуми хешро пайдо намудааст.
Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Асбоби бузургӣ ҳама омода намуд” суханронӣ намуда, аз кордонӣ, масъулияшиносӣ, миллатдӯстӣ ва дигар хислатҳои наҷибу бузургиҳои Меҳрубон Назаров ёдовар шуд.
Ҳамчунин, Мирзошоҳрух Асрорӣ — вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, профессор Тамара Абдушукурова — ректори пешини Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, Муҳаммадуллоҳи Табарӣ — номзади илмҳои таърих, театршинос, Тилло Некқадамов – нависанда ва рӯзноманигор, фарзанди Меҳрубон Назаров Назар Назаров ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев дар мавзуҳои гуногун суханронӣ намуда, хизматҳои шоиста ва кору пайкори Меҳрубон Назаровро дар рушду такомули фарҳангу санъат ва театри тоҷик муҳимму калидӣ арзёбӣ намуданд.
Конференсия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашта, ҳозирин маърузаҳои ироанамудаи маърузачиёнро бо диққати том гӯш намуда, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолият ва саҳифаҳои норӯшани рӯзгори Меҳрубон Назаров огоҳ гаштанд.
Синои АБӮАЛӢ