Дар идомаи кори Фестивали байналмилалии «Шарқ — Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои  мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шоми 28 октябр дар толори «Арғунун» -и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи консертии мусиқии арғунун доир гардид.

   Ҳадаф аз ташкили барномаи консертӣ дар сози арғунун, ки дар ҷараёни фестивали байналмилалӣ  пешкаши меҳмонон, коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни  донишкада гардонида шуд, ошно намудани мусиқанавозони ҷавон, ҳунар ва истеъдоди онҳо ба аҳли толор, пайванди абадӣ ва ногусастанӣ доштани мусиқии Ғарб бо Шарқ мебошад. Шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардани оҳангҳое, ки дар сози арғунун навохта шуданд, шаҳодат аз он медоданд, ки  иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ аз таърихи пурғановати мусиқӣ баҳравар гардидаанд ва    оҳангҳои композиторони ҷаҳониро дар баробари мусиқии анъанавии худ зинда ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд.    Намояндаи   Федератсияи Россия  Наталия Багинская  оҳангҳои Иоганн Себестян Бах, Томазо Албинони, Луи Виерн, Пиер Пансимай ва намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон  Лейла  Акшперова мусиқиҳои Антонио Вивалиди, Феликс Менделсон – Бартолди, Иоганн Себестян Бах ба саҳми ҳозирин расонданд.

   Дар поёни барномаи консертии навои арғунун ректори донишкада профессор, Усмонзода Хайридин Усмон суханронӣ намуда, аз номи  худ ва аҳли толор ба навозандагон изҳори миннатдорӣ кард. Зикр намуд, ки ҳамаи оҳангҳои  шунавонидашуда дар консерт  алоқамандӣ ба анъанаҳои  мусиқӣ доранд.  Сози арғунун ва мусиқии он дар ашъори шоир Зебуннисо  низ васф ёфтааст, ки  далели исботи анъанаи мусиқӣ миёни халқҳои форсизабон мебошад.  Арғунун беш аз ҳама характери коллективӣ дошта, ин таҷрибаро дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  мавриди омӯзиш қарор додаанд ва ташкили чунин фестивалҳои байналмилалӣ  ҳамасола бо ин мақсад роҳандозӣ карда мешаванд.  Мавсуф аз  таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Сарвари давлатамон нисбат ба сози Арғунун ёдовар гардида, ташкили барномаи консертӣ дар сатҳи баланди касбиро, ки   бори  аввал соли 2011  бо ташриф овардани Президенти кишвар дар  сози арғунун гузаронида шуда буд, аз намунаи он донист. Ҳамчунин, ба  ташкилотчии фестивали байналмилалӣ — ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Раҷабмад Амиров барои ташкил ва баргузор кардани ин  фестивал изҳори миннатдорӣ намуд.

   Дар фуроварди сухани худ ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода ба иштирокчиёни фаъоли барномаи илмӣ- амалии фестивали байналмилалӣ – Замира Суюнова, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бегматов Соҳибҷон, профессор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Гузал Халиқулова  — номзади илми санъатшиносӣ, профессор (Ӯзбекистон), Ғафурбеков Тухтасин — Ходими хизматнишондодаи  Ӯзбекистон,  Холтоҷиев Абдураҳмон, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Карабоев Усмон- профессори донишкадаи миллии санъати тасвирӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Марков Александр -профессори кафедари технологияи иҷтимоӣ — фарҳангии Донишгоҳи  гуманитарии  иттифоқи касабаи  Санкт- Петербург,  Зенкин Константин – доктори илми санъатшиносии Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскийи Федератсияи Россия, Бирженюк Григорий номзади илми педагогӣ, мудири кафедраи технологияи иҷтимоӣ — фарҳангии Донишгоҳи  гуманитарии  иттифоқи касабаи  Санкт- Петербург,    ки муддати ташрифи хеш бо омӯзгорону донишҷӯён  дарсҳои маҳорат доир намуданд, дипломҳо тақдим намуд.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

[metaslider id=1920]