Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Фестивали ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва эҷодии созҳои зарбӣ бо унвони “Садои дилҳо”, ки бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,  барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, яке аз дойранавозони шинохтаи кишвар Авазмурод Шоймардонов баргузор гардид.  Дар ҳамоиши фарҳангӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Дилмурод Исломов, муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, роҳбарияти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва  ҳунари кишвар, ҳунармандони шинохта ва шогирдони Авазмурод Шоймардонов  аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҳузур доштанд.

    Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷашну маросим ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, тавассути баргузории чорабиниҳои сатҳҳои гуногун эҳё гардиданд. Фестивали ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва эҷодии созҳои зарбӣ, ки имрӯз бо ибтикори роҳбарияти донишкада бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дойранавозони шинохтаи кишвар Авазмурод Шоймардонов дар ин боргоҳи  фарҳанг ва санъат ба кори худ оғоз бахшид, бешубҳа, ба рушди бештари ин сози зарбӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

  Обид Одилзода иброз дошт, ки Авазмурод Шоймардонов давоми 40 сол дар ҷодаи санъати ҳунарварӣ, санъати зарбӣ, омӯзгорӣ ва эҷод фаъолияти пурсамар намуда, шогирдони зиёдеро тарбия ва ба камол расондааст. Муовини аввали вазири фарҳанг дойранавози маҳбуб ва маъруф Авазмурод Шоймардоновро  аз номи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ба муносибати чилсолагии фаъолияти эҷодӣ табрику муборакбод гуфта, ба ӯ нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

    Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин иштирокдорони фестивалро ба МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” хайрамақдам гуфта, Авазмурод Шоймардоновро аз номи раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати ба синни мубораки 60 расидан ва 40 -солагии фаъолияти эҷодиаш самимона табрику муборакбод  намуд.

  Зимнан, ректори донишкада Авазмурод Шоймардонов-ин ҳунарманди асил, омӯзгори пуртаҷриба ва инсони ба тамоми маънӣ комилро, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъат нақши муҳим бозидаасту мебозад, бо Ифтихорнома сарфароз гардонда, ба ӯ барои хотира асбоби мусиқии рубоб тақдим кард.

 

  Бар пояи иттилои ректори донишкада, мавсуф ба сифати  устоди ҳунарманди донишкада дар фестивали VII-уми дӯстии ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон дар шаҳри Гера, фестивали V-уми дӯстии ҷавонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Юнон дар шаҳри Москва (1988), фестивали «Наврӯз-93» дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон (1993), фестивали Ҷумҳурии исломии Эрон (1994) иштирок ва ҳунарнамоӣ карда, бо мукофотҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳо қадрдонӣ гардидааст.

  Баъдан, гардонандаи чорабинии фарҳангӣ, муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов бо зикри чанд нукта аз ҳаёт ва фаъолияти Авазмурод Шоймардонов ва нақши ӯ дар рушди созҳои зарбӣ, бавижа дойра сухани навбатиро ба соҳибҷашн дод.

   Авазмурод Шоймардонов зимни ироаи маърӯзааш оид ба таърихи дойра ва дигар созҳои зарбӣ маълумот дода, сози дойраро сароҳанги мусиқиҳои миллӣ унвон кард. Ҳамзамон, ӯ аз устодон ва шогирдони лаёқатманди худ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар рушду такомули созҳои зарбии даврони соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ намуд.

 

 

 

 

      Дар доираи фестивал барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор гашта, инчунин дастовардҳои мутахассисони соҳаи санъати зарбӣ, аз қабили китобҳо ва намунаҳои мухталифи асбобҳои мусиқии зарбӣ ба  намоиш гузошта шуд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ