Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба рӯзи ҷашни Сада семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба кори семинари илмию назариявӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки бо касби Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари  кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Мавсуф зикр кард, ки: «Воқеан иди Садаро аҷдодонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он махсусан ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодагӣ  ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро пойбарҷо нигоҳ медорад».

Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов ба тақвияти гуфтаҳои ректори донишкада тазаккур дод, ки     ҷашни Сада низ  ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва ғайраҳо  яке  аз ҷашнҳои  миллии мо буда, маҳз тавассути талошҳо ва ташаббусҳои шоистаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав мақоми худро соҳиб гардид.  Аз назари ӯ, мардуми шарафманди моро мебояд, ки аз файзу баракати истиқлолият истифода бурда, расму оин ва урфу анъанаҳое, ки вобастаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Сада мебошанд, дар доираи ахлоқу иродаи хеш нишонаҳо ва боқимондаҳои қариб фаромӯшшудаи онҳоро бо истифода аз нақлҳои калонсолон эҳё намуда, дар комил намудани ҷашнҳои миллӣ дар шакли таърихиашон саҳмгузор бошанд.

Дар семинари илмию назариявӣ маърӯзаҳои пажӯҳишии муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов бо унвони “Сада ва мавқеи он дар ташаккули муносибатҳои муътадили маънавию ахлоқии ҷомеа”,  муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ  Баҳрулло  Нарзуллоев “Сада — таҷассумгари афкори инсонгароӣ”,  декани факултети   санъати театрӣ Маҳмадалӣ  Сангов “Сада ва таърихи пайдоиши он”, мудири кафедраи бойгонишиносӣ  Майрам Мамадазимова “Бозтоби  ҷашни Сада дар осори адибони асри  XI”, дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Ҳаётой Муъминова  “Таърихи рушди сурудҳои ҷашнии Сада дар даврони истиқлолият”, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Суҳроб Зокиров  “Пешвои миллат  — эҳёгари ҷашнҳои миллӣ”, муаллими кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  А. Ҷабборова “Сада – ҷашни таърихии тоҷикон”,  мутахассиси раёсати илм  Сино Қудратов “Сада ва бозтоби он дар шеъри имрӯз” ва унвонҷӯи кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ  Ф. Собиров  “Сада – ҷашни  миллӣ”  мавриди таҳлили амиқ ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас, омӯзгори калони кафедраи филологияи донишкада Нозим Нуров оид ба рамзу суннатҳои хоси ҷашни Сада дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ андешаҳои худро баён намуд. Ба назари ӯ, нуктаи меҳварӣ дар ҷашну оинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Зимнан, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд.

Иштирокдорони семинари илмию назариявӣ ба ин назар буданд, ки ҷашни Сада, ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзӣ мебошад ва тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд. Ҳамчунин, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

      Синои АБУАЛӢ