Имрӯз бо ҳамин унвон дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

      Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳимми миллӣ табрик намуда, иброз дошт, бо касби Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари  кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад.     Зикр гардид, ки Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад. Аммо, ҳамчунин, бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.

     Ректори донишкада бо такя ба маъхазҳои таърихӣ иброз дошт, ки дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст. Аксари ин маълумот аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла, дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ  (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад.

      Бино ба ривояи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, ҷашни Сада ва ихтирои оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ва бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст. Зоҳиран то замони Ҳушанг оташ шинохта нашуда буд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд. Ҳушанг санге ба тарафи ӯ партоб кард, аммо мор кушта нашуд. Санг бар санги дигар бархӯрду оташ падид омад:

 

         Нашуд мор кушта, валекин зи роз

         Падид омад оташ аз он санг боз.

 

         Ва ба шодии ин нур оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд:

     Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

     Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

    Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

    Сада номи он ҷашни фархунда кард.

    Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

    Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.

 

 

 

 

    Метавон бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин бахши “Шоҳнома” дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ, ихтироъкорӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, равшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

    Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила хусусияти байналмилалӣ гирифта, оинҳои инсонсоз ва фарҳангу санъати оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷашни Сада ҳам бо саъю талоши миллати тамаддунофари мо дар шакли таърихии худ ба таври комил эҳё гардида, ҳавзаи таҷлили худро васеъ менамояд ва  оқибат ҷаҳонӣ мегардад.

 

 

 

 

Дар бахши фарҳангии ҳамоиш прологи “Зуҳури Сада”, композитсияи адабӣ бо унвони “Сада — оташи меҳри Ватан”, шеърҳои “Сада”, “Тановор”, “Ҷашни Сада муборак”, “Шукронаи Ватан” ва рақсу оҳангҳои марѓуб пешкаши ҳозирин гардонда шуданд. Дар идомаи таҷлили ҷашни Сада дар “Наврӯзгоҳ” — и донишкада бо афрӯхтани оташ маросими аслии ин ҷашни бостонӣ бо навохтани асбобҳои зарбӣ ва рақсу бозӣ ба ҷо оварда шуд, ки хеле ҷолиб ва фазои тантанавӣ дошт.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

                                                                                            Дилшод УМАРОВ