Ба шарофати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик суннатҳои қадимаи таъриху тамаддуни худро аз нав эҳё менамояд. Баргузории ҷашни Сада дар саросари кишвари азизи мо низ шаҳодати ҳамин гуфтаҳост.

Санаи 2-юми феврали соли 2021 дар толори Театри таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба ин ҷашни куҳанбунёд таҳти унвони «Сада — ҷашни бостонии тоҷикон» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оғоз бахшида, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт ва оид ба бунёдгузории ҷашни Сада, ки анъанаи неки ниёгонамон ба шумор меравад ва «таърихи беш аз 6000-сола дорад», баромад намуд. Садри донишкада ҳамчунин оид ба суннатҳои неки ин ҷашн сухан гуфта, таъкид дошт, ки: «Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек ҳидоят мекунанд».

Ректори донишкада ҳамчунин қайд намуд, ки ин ҷашни миллии мо маҳз «бо касби Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардааст».

Сипас, қисмати фарҳангии барнома бо прологи «Зуҳури Сада» шурӯъ гардид. Онро магистрони шуъбаи режиссура ва продюсерии донишкада иҷро намуданд, ки дар асоси асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба саҳна гузошта шудааст. Пас аз ин дар иҷрои донишҷӯёни факултаи санъати мусиқии мардумӣ оҳанги халқии «Шаҳло» ва низ оҳанги халқии «Навои Сада» дар иҷрои муаллими калони ҳамин факулта Хушбахт Ниёзов шунавонида шуданд.

Рақси «Хатлонӣ» дар иҷрои донишҷӯи курси 2-юми ҳамин факулта Анжела Давлатшоева низ хеле ҷолиби диққат буд. Пас ансамбли «Шашмақом»-и донишкада, ки роҳбарии онро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров ба уҳда дорад, оҳанги С.Ҷӯраев «Завқи ҷавонӣ»-ро бо маҳорати хуби сарояндагӣ ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумахон Сафаров суруди худро бар матни мутафаккири Шарқ аллома Мир Саид Алии Ҳамадонӣ «Ҳар кӣ моро ёд кард» хеле таъсирбахш иҷро намуд.

Суруди «Рафтам аз ёдҳо» шеъри Гулрухсор, оҳанги Амриддин Кабириро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳрухсор Сафизода низ бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуд. Суруди «Ҷашни Сада» дар иҷрои муаллифи оҳанг, мудири кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Акрам Мирзоев хеле муассиру хуш садо дод, ки матни он ба қалами шоири муҳаббатсарои тоҷик Аскар Ҳаким тааллуқ дорад.

Суруди «Ватандорӣ» шеъри Муҳаммад Ғоиб, оҳанги Абдул Нишоновро донишҷӯи курси 4-уми факултаи санъати мусиқии мардумӣ Рустам Олимов низ хеле ҳунармандона иҷро намуд.

Рақси «Попурӣ» хотимабахши ин чорабинии фарҳангӣ буд, ки он дар таҳияи Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Лашкаров пешниҳод ва аз тарафи раққосони ансамбли рақсии «Бунафша»-и донишкада хеле зебо иҷро гардид.

Пас аз ин чорабинии фарҳангӣ дар саҳни «Наврӯзгоҳ»-и донишкада маросими оташафрӯзӣ доир гардид, ки он дар гузашта як қисмати асосии ҷашни қадимаи халқи тоҷик «Сада» ба шумор мерафт.

Мавриди ёдоварист, ки ҷашни бостонии «Сада» таърихи хеле қадим дошта, тибқи ақоиди таърихнигорон Ҳушанг, дуввумин подшоҳ аз сулолаи Пешдодиён, ба таҷлили ҷашни Сада оғоз бахшидааст. Калимаи «Сада» ҳам аз забони ориёӣ таркиб ёфта, маънояш «оташ» аст. Сада дар қатори идҳои басо қадимаи тоҷикон — Наврӯзу Меҳргон дар гузашта ҳам мақоми хосса дошта, хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию фараҳ, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.

Имрӯзҳо ҳам халқи тоҷик ин суннати неки ниёгони худро дар давлати ҳуқуқбунёди худ, дар фазои орому осоишта, бо шукӯҳу шахомати хосса таҷлил менамоянд. Баргузории чорабинии номбурда собит менамояд, ки халқи фарҳангсолору тамаддунофар, санъатдӯст, собитқадаму бунёдкори тоҷик ҷашну маросимҳои неки ниёгони худро дар дилу дидаи хеш ҷой дода, идомабахши ин суннатҳои нек мебошад.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

Муаллими калони кафедраи

тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ