Дар  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

   Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридин Саид, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, аҳли илму адаб ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

   Зимни суханронии табрикӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла иброз  дошт, ки ҷашни Сада ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Сада дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расониданд.

   Хотирнишон гардид, ки ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст. Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ мебошад. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне аз ҳамин шабу рӯзҳо пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накӯкорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оғоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард».

   Дар ҷашнгоҳ Ярмарка- намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба маърази намоиш гузошта шуда буданд. Инчунин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агетии обу ҳавошиносӣ, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,  ки оғоз аз ҳунарҳои мардумӣ,  меваву сабзавот, технологияҳои кишоварзӣ, намоиши тухмиҳои зироатҳои гуногун ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонда шудаанд.

   Воқеан, оташафрӯзӣ дар Сада ин ба ҳам овардани мардум баҳри басеҷ кардану бо гармиву муҳаббати саршор лабрез намудани дили инсонҳо мебошад. Суруду тарона, чангу чағона дар ҳар қадам ба қалби кас шодиву сурур меафзояд. Ин аст, ки шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳо бо ҳунарҳои ромишгариву сурудхонӣ идгоҳро шукӯҳу шаҳомати хоса илқо мекарданд.

   Дар ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, таҳти роҳбарии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин фаъолона ширкат варзида, бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангию фароғатӣ табъи иштирокдорони ҷашнвораро болида гардонданд.  Ба гуфтаи ректори донишкада, Сада паём аз Наврӯз аст ва   бо забонаи оташҳояш зиндагии инсонҳоро гарм месозад ва ин оташ аст, ки дар ҳама шаклҳояш пешрафту фароғати инсониятро рушд мебахшад.

   Тазаккур дода шуд, ки Истиқлолият неъмати Яздонӣ буда,  барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст ва аз нав зинда гардидани ҷашни Сада низ, ки ҷашни тантанаи меҳр, нур ва умед ба зиндагист, аз неъматҳои ӯст.

   Дар чорабинӣ ҳама анъанаву русуми ҷашни Сада риоя гардиданд. Ҷашн бо баҳамоӣ ва басеҷ шудани мардум атрофи силсилаи оташҳои афрӯхташудаи баланд сурат гирифт. Моҳият ва муҳтавои ин ҷашн низ аз ҳамин басеҷ шудан, муттаҳид гардиданҳо иборат аст, ки инсонҳо бо ҳам наздиктар, меҳнатқарину ватандӯст бошанд ва  ба қимати обу замин низ бирасанд. Ин рукнҳо дар ниҳоят    ҳувиятсоз ва ба рисолати ҳар яки мо  созгор аст.

 

       Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

       Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

 

 

Додоҷон  РӮЗИЕВ,

муҳаррир,

Абдувоҳид ҒОИБӢ,

 устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода