Дар Театри таълимии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, 1 апрели соли равон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50-солагии таъсисёбии донишкада ва Рӯзи ҷаҳонии ханда бо иштироки дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи кишвар Убайдулло Раҷабов барномаи ҳунарӣ  баргузор  гардид. Дар ҳамоиш чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва санъати кишвар Қурбони Собир, Холаҳмад Маҷидов, Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷон Шодиев, ҳайати  профессорону устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст филми мустанад дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Убайдулло Раҷабов пешкаши аҳли толор гардонда  шуд. Сипас, ҳунарманди шинохта Ортиқи Қодир перомунии ҳунару рисолати ҳунарманд, хосса корҳои мондагори устод Убайдулло Раҷабов суҳбат намуд. Гуфта шуд, ки ҳунари театрӣ омехтаи бисёр ҳунарҳои дигар аст. Дар ин соҳа ҳунарманд, пеш аз ҳама, аз адабиёт бояд бохабар бошад ва баъд аз дигар илмҳо ва ҳунарҳову расму оинҳо. Ҳама гуна ҳунар бояд зебо бошад ва зебоӣ биофарад. Ҳамзамон, дар шинохти дурусти он ёрӣ бирасонад, завқҳоро парвариш бидиҳад, мардумро тарбия бикунад, ҳақиқатро бишиносонад, ба некуиву накукорӣ даъват бинамояд.

Ҳамзамон, Ортиқи Қодир аз сафарҳои ҳунарии якҷояашон ба шаҳрҳои Бухоро, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва як қатор кишварҳои хориҷӣ хотироти ҷолиб нақл кард.  Зикр намуд, ки устод Убайдулло Раҷабов дар саҳнаи театр, телевизион, синамо нақш меофариданд, коргардонӣ мекарданд ва коргардони намоишҳои оммавӣ низ буданд. Ҳикоя, саҳна, сенария менавишанд ва аз иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо бо сарбаландӣ мебаромаданд.

Дар идомаи суҳбат Убайдулло Раҷабов тазаккур дод, ки ҳарчанд коргардон ба ҳунарманд роҳу равишро дар нақшофарӣ муайян мекунад, аммо бояд худи ҳунарманд дарк намояд, фаҳмад, то куҷо ба ин гуна тарз характери қаҳрамонро мувофиқ, дуруст, боварибахш ва табиӣ офарида метавонад. Ба ин хотир, ҳунарманд бояд донишу таҷриба ва истеъдоди фитрӣ дошта бошад. Ҳар суханаш, ҳар ҳаракаташ, ҳатто ишораҳояш таъсир гузошта битавонад, характерро мукаммал намояд.

Устод дар бораи тақлид ва тақлидкорӣ сухан намуда, зикр карданд, ки боре Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфоваро тақлид карданд. Ин барои намоиши солинавӣ буд. Сабт ба мушкилӣ даст дод. Дасти наворбардорон аз ханда меларзид. Коргардон аз ин дар ғазаб мешуд, ба нишони эътироз фарёд баланд мекард ва таъкид менамуд, ки дастҳоятонро наҷунбонед. Онҳо баён медоштанд, ки худро нигоҳ дошта наметавонанд. Ба Нигина Рауфова расонданд, ки агар ин намоиш биравад, тамоман беобрӯ мешавед”. Нигина барои эътирозу шикоят ба қабули раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медарояд. Шодравон Ғоиб Қаландаров, ки намоишро дида буданд ва медонистанд, ки он ҳеҷ гуна таҳқир нест, ӯро ором мекунанд, моҳияти пародияро барояш мефаҳмонанд. Инчунин, амр менамоянд, ки 100 сӯм мукофоташ бидиҳанд. Пас аз он моро даъват карда гуфтанд, ки ба ин маҳдуд нашавем ва тақлидкориро идома бидиҳем. Баъд аз ин, Нигина Рауфова бо ман дӯсти ҷонӣ шуд.

Пас аз тамошои рақси “Самоъ” дар иҷрои донишҷӯёни шуъбаи хореография таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ суханронӣ намуда, ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабовро, ки фориғултаҳсили донишкадаи санъат мебошанд (соли 1982),  бо Рӯзи ҷаҳонии ханда табрику муборакбод намуд. Мавсуф зикр кард, ки устод Убайдулло Раҷабов фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардаанд. Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 1990-2000 роҳбари бадеии Театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000-2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина» буданд.

Соли 1987 барои ансамбли «Дӯстӣ»-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир дар асоси расму оинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуданд, ки соли 1987 дар Фестивал-конкурси байналмилалии ансамблҳои фолклориву этнографии кӯҳсор дар Полша ҷойи аввал ва ҷоизаи «Табари тилло»-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин, муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав ва барномаи театронидашудаи ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Тоҷикистон» буданд. Соли 1997 роҳбари бадеӣ, таҳиягари дастаи ҳунарии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии ансамблҳои наврасон дар шаҳри Клангенфурти Австрия сазовори ҷойи аввал ва «Ҷоми тиллоӣ» гардиданд.

Беҳтарин нақшҳои офаридаашон дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб: Хуршед («Орзу»-и М. Назаров), Ҳоҷӣ Нуъмон («Ишқи африқоӣ»-и П. Мериме), дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Амфореас («Мубориза»-и С. Карас), Хор («Антигона»-и Ж. Ануй), («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода), Саид Акбар («Корвони бахт»-и М. Миршакар), Абулқосим («Кафшҳои Абулқосим»-и И. Франко). Истеъдоди актёрии устод, хусусан ҳангоми иҷрои нақшҳои ҳаҷвии Ҳалимбой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), эшон («Вопасин арӯси амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев), Шариф Тормоз («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров) хуб зоҳир гардидааст. Устод Убайдулло Раҷабов дар намоишномаҳои телевизионии «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Дугонаҳо ба театр мераванд»-и Ҷ. Икромӣ, «Зангирии Чақабой»-и М. Давлат, «Зани оҳанин»-и С. Аҳмад, Қучқорбойи тракторчӣ (Шароф Бошбеков) ва ғайраҳо  ширкат варзида, нақшҳои ҷолиб офаридаанд.

 

Баъдан саволу ҷавоб байни Убайдулло Раҷабов ва иштирокдорон сурат гирифта,  доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти ҳунарманд суҳбатҳои ҷолибе ба миён омад.

Ба ҳунарманди маъруф аз ҷониби раёсати донишкада ва ихлосмандон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ