Таҳти ҳамин унвон 1 апрели соли равон дар Театри таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба рӯзи ҳаҷву ханда, 75-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии донишкада чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Рӯзи ханда бо Қиёмиддин Чақалов» баргузор гардид.

   Дар оғози маҳфил намоиши кӯтоҳ, ки ҳикоятгари зиндагиномаи ҳаҷвнигори шинохта Қиёмиддин Чақалов буд, ба воситаи проектор манзури тамошобинон гардонда шуд. Сипас, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба Рӯзи ханда табрик намуд ва бо ба саҳна даъват гардидани ҳаҷвнигори мумтоз — Қиёмиддин Чақалов маҳфили пуршукӯҳи ҳаҷв бо кафкӯбиҳои пурмавҷи меҳмонону устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт.

   Дар маҳфил донишҷӯёни курси 2 ва 3-юми бахши маҳорати актёрӣ саҳнаҳои ҳаҷвии «Дуздӣ» таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Ҳасан Қосимов, «Гайка»- аз рӯи асари А. П. Чехов, «Шӯхӣ кардед?»-аз рӯи асари А. Ҳамдамро манзури тамошобинон гардонданд. Сурудҳои ҳаҷвии «Гули сияҳгӯш» ва «Қишлоқ рафта будам» аз ҷониби Ҳабибуллои Мирзошариф пешкаши бинандагон гардонда шуд. Ҳамзамон, дар қисмати «Ханда ҳам доруст» омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ Шуҷоат Ҷалолиддинов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, мудири кафедраи режиссура Маҳмадалӣ Сангов, декани факултаи фарҳангшиносӣ Саврия Икромова ва дигарон аз зиндагии ҳунарманд ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳаҷвнигорони ҷавон саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

   Ҳамин тавр, бо хондани якчанд мисраъ суруди ҳаҷвии Гуруғлӣ дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов маҳфили идонаи ҳаҷву ханда, бо бардоштани як ҷаҳон таассуроти рангин, анҷом пазируфт.

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 3 — юми шуъбаи

рӯзноманигори телевизион