Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Рӯзи Шашмақом бо иштироки ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.       Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Рӯзи Шашмақом самимона табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда таманно намуд.  Мавсуф зикр намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Ғалаба дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. 9-УМИ майи соли 1945 дар таърихи зиндагии мардуми Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ саҳифаи нав оғоз гардид ва онҳо тавонистанд бар душмани худ пирӯзӣ бадаст оранд. Ин рӯз барои тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба Рӯзи ғалаба чунин андешаронӣ кардаанд: “Рӯзи ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст”.       Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем. Ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр бояд ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро ба ҷо орем, ба Ватан содиқона хизмат кунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошем. Наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳи тарбия намоем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлол, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона созем.

Роҳбари муассиса инчунин, аз таърих ва ҷойгоҳи жанри мусиқии “Шашмақом” ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нодиртарин ва қадимтарин жанри сарояндагӣ, аниқтараш шашмақомсароӣ, ки таърихи тӯлонии чандинасра дорад, мақоми давлатӣ гирифт. ва дубора эҳё шуд. Ин саъю талошҳои хастанопазири  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки ин шахсияти фарзона ба арзишҳои миллӣ, мисли санъати мусиқӣ эҳтироми воло доранд. Яке аз жанрҳои мусиқии машҳуру маъмул ва бостонии мо «Шашмақом»  мебошад, ки дар он суруду навои руҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст. Ин шоҳасари мусиқӣ асос ва қуллаи баланди фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву  маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад. Ҳамин буд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12-майи соли 2000-ум таҳти № 294, рӯзи 12-май санаи мушаххаси таҷлили ҳарсолаи Рӯзи «Шашмақом» дар Тоҷикистон муқаррар гашт. Дар миқёси байналхалқӣ бошад, бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид — ЮНЕСКО 7-ноябри соли 2003-юм «Шашмақом»-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Зикр гардид, ки инак 23 сол боз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ 12-уми май ба унвони Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Таълифи асари чандҷилда дар бораи таърихи Шашмақом, мақоми давлатӣ касб кардани ансамбли ба номи Фазлиддин Шаҳобов, интихоби овозхонон аз миёни  ҷавонони боистеъдод ва ҳунармандони варзида,  зиёд намудани  ҳайати эҷодии он аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба хотири баланд бардоштани мақоми Шашмақом андешида шудаанд. Мардум номи ҳунармандони шинохта, санъаткоронеро, ки бо ҳунару маҳорати волои навозандагию сарояндагӣ ва офаринишу эҷод, чун Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва даҳҳо дигарон ба дилу дидаи ҳазорон мухлисон ҷой гирифтаанд ва арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллии санъати мусиқии классикии Шашмақомро дар арсаи олам маъмулу машҳур гардондаанд, гиромӣ медорад. Боиси ифтихор аст, ки мактаби ҳунари сарояндагии онҳо яке аз омилҳои пурқудрати рушди эҷодиёти ҷавонон гардидааст.

Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино