Эъмори давлати миллӣ яке аз падидаҳои нодири истиқлолияти давлатӣ ва идомаи мантиқии давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгон ба шумор рафта, бо шарофати он таҳти роҳбарии оқилонаи фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Дастовардҳои беназири ин марҳилаи сарнавиштсози миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба сифати давлати соҳибихиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ карда, дар ин замина суннату арзишҳои миллӣ аз нав эҳё ва ормонҳои деринаи халқи тоҷик амалӣ гардиданд.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибиститқлолӣ баҳри рушду нумуи соҳаи фарҳанг санади муҳим – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (13.12.1997, № 520) қабул гардида, он барои такмили раванди қонунгузорӣ оид ба дигар самтҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи китобдориву ноширӣ, ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, инчунин фаъолияти иттилоотӣ заминаи мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Бо истифода аз фазои созгори даврони истиқлолият соҳаи китобдорӣ дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба даврони шуравӣ дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназир мебошанд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, имкон фароҳам овард, ки соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намояд.

Имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳиммтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги  халқамон беш аз пеш меафзояд.

Бо дарки муҳиммияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла соли гузашта «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 млн. сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Татбиқи чорабиниҳои ин барномаҳои давлатӣ барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ, дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имкониятҳои боз ҳам васеътарро фароҳам овард.

Тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон, дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 30 млн. нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд.

Миллати  мо дар ҳама давру замон новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобофар буда, зиндагии хешро бидуни китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгори хешро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас бениҳоят бузург аст. Ба ин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили “Рӯзи китоб” ёдовар шуд.

Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни  қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва  шаҳрвандони кишвар бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардиданд.

Ин иқдомҳои оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав  барои ҷалби наврасону  ҷавонон ба китобу китобхона  тадбири  мубраму саривақтӣ  ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду  босавод ва дорои  маърифати  баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи  дасисаҳои  муғризона нахоҳанд шуд.

Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмунҳои номбурда тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт як қатор чорабиниҳои муфидро ба нақша гирифтааст. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллатро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ҷо дода, сатҳи маънавиёташонро баланд мебардорад.

Мавриди зикр аст, ки танҳо соли ҷорӣ дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  муаллимаи калони донишкада Ғафурова Сайро дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯйи факултети журналистикаи телевизион ва радио Шарифова Мавҷуда дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Самадзода Шукрона дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” бошад муаллими донишкада, н.и.ф., Аминӣ Алишер сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи факултети журналистикаи телевизион ва радио Сайфуллоев Беҳрӯзҷон сазовори ҷойи дуюм гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар  ва  мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа беш аз пеш афзуда истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд мегардад ва ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри  ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош хоҳанд кард.

Баҳри тақвияти ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, таҳкими пойдории миллату фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷавонон бояд пеш аз ҳама осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Дар ин радиф бешак беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат – «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра ба шумор мераванд, ки дар ташаккули зеҳну  шуури барои ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик созгори насли наврас ва такомули ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии онҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки дар саҳифаи таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати хеш мақоми шоиста касб кардаанд, аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо  ба фарзандони хеш, балки ба насли бани башар биомӯзонем.

Зафари ШАРИФ,

декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносии МДТ

 «ДДФСТ ба номи Мирзо»