ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб эътироф шудааст. Дар робита ба он дар Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣназариявӣ ва намоиши китоб бо унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони Истиқлол: рушд ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ ва тамоми директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ изҳор дошт, ки “Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард.

Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки нисбат ба даврони пеш аз истиқлол дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназир мебошанд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд”.

Ректори донишкада инчунин гуфт, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва баргузории Рӯзи китоб ёдовар шуд.

Мутахассиси соҳаи китоб, дотсент Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо менамояд, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода шаванд. Новобаста аз ҳалли мушкилот дар самти таъмини китобхонаҳо бо мутахассисон сатҳи салоҳияти касбии аксарияти кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Норасоии кадрҳои китобдорӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ низ мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин Гадобег Маҳмудов ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва аз нав тайёркунии касбии китобдоронро яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Декани  факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф зимни баррасии мавзуи «Саҳми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар омода намудани  кадрҳои соҳаи китобдорӣ» иброз намуд, ки воқеан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, бахусус илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи асосӣ дар ин самт- баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсил, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Ба иттилои факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, дар айни замон дар ин боргоҳ 424 нафар донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ  факултетро  беш аз 3000 нафар хатм намуда,  имрӯз дар китобхонаҳои мамлакат ва берун аз он дар самти баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандону  тарғиби мероси  пурғановати фарҳанги миллӣ  фаъолият доранд. Илова бар ин дар факултет муҳаққиқони ҷавон дар зинаи магистратура ва докторантура доктор Phd, доктор аз рӯи итисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мавсуф бо дарназардошти эҳтиёҷи китобхонаҳои мамлакат зиёд намудани шумораи қабули донишҷӯёнро ба факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ҳамчун яке аз роҳҳои асосии таъмини китобхонаҳои мамлакат бо кормандони соҳибкасб арзёбӣ намуд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода