Чуноне, ки ба ҳамагон маълумат Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон нақш ва мақоми китобро дар тарбияи насли наврас, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фарди ҷомеа таъкид менамоянд. Маҳз дар такия ба ҳамин омилҳо ва ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи нашриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бо дастгирии ҶСП “Ганҷ нашриёт” 30 номгӯй адабиёти бадеиро таҳти унвони “30-солагии истиқлолият” барои хониши бадеии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тамоми дӯстдорони каломи бадеъ ба табъ расид.

   Бо иқдоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябр рӯнамоии силсилакитобҳои “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.

   Зимни муаррифии китобҳо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо  нашри китобҳо табрик гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои охир нашри китоб дар ҷумҳуриамон хеле афзудааст.

   Ба таъкиди академик, китобҳо бояд бо теъдоди зиёд нашр шаванд, то ба дасти ҳамаи хонандагон расанд ва маърифати аҳолиро баланд бардоранд.

   Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аснои суханронии худ дар ҷамъомад тазаккур дод, ки чанде пештар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок доштааст. “Ман борҳо дар деҳоту минтақаҳои дурдасти мамлакат будам ва дар ин навоҳии дурдаст як камбудӣ ба чашм мерсад, ки он дастрас набудани китобҳои хонданӣ аст”.

   Ӯ таъкид кард, ки адабиёти 100 соли ахири мамлакат барои муҳим буданаш бояд бо теъдоди зиёд нашр шавад. “Муҳим ин аст, ки китобҳо бояд ба тамоми гӯшаҳои дурдасти мамлакат расанд. Зеро ҳоло ҳам “аниси кунҷи танҳоӣ” “китоб аст, на телефон”.

   Низом Қосим ёдрас кард, ки Иттифоқи нависандагон ҳамеша барои табъу нашри китобҳо ҷиҳати расонидани кумак барои таҳриру тасҳеҳ омода аст.

   Шоири шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ ҳам китобхониву китобчопкуниро нишонаи хушбахтии миллат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки “омода намудану гаштаву баргашта бо тавзеҳоту шарҳҳо нашр намудани китобҳо вазифаи муқаддаси инсонии мост. Зеро бо ин роҳ мо метавонем насли ҷавонро китобхону китобдӯст гардонем”.

   Силсилакитобҳо  таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият” 8 роман, 42 достон, 5 повест, 2 очерк, 296 ҳикоя, 5 мақолаи публитсистӣ, 12 эссе ва зиёда аз 4300 шеъру ғазалро дар бар гирифтаанд.

Таҳияикунанда Сайзароб Надиров, мудири

Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода