Дар Китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори факултаи режиссура, кино ва телевизион маросими рӯнамоии китоби “Пайванди эҷоду маърифат” — и журналисти шинохта, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии матбуот ва фарҳанг, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Хушбахт Бекзода баргузор гардид.

 

Дар маросими рӯнамоӣ Фаррух Ҳайдаров — сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лолахон Сатторӣ — Раиси Иттифоқи касабаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангин Гулов — мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мурод Муродӣ – профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд.

 

Дар сухани ифтитоҳии худ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ оид ба фаъолияту рӯзгори Хушбахт Бекзода  маълумот дода, зикр намуд, ки китоби“Пайванди эҷоду маърифат” маҷмӯаи илмиву фарҳангӣ буда, дар асоси фаъолияти пурсамари ӯ мураттаб гардидааст. Китоби мазкур ба бузургдошти хотираи соҳибтаҷрибатарин журналисти радио ва телевизиони Тоҷикистон, устоди ғамхору меҳрубон  Хушбахт Бекзода  бахшида шудааст.

Таъкид ба амал омад, ки Хушбахт Бекзода  бист сол дар телевизион ва наздик ба сӣ сол дар радио фаъолият намудааст. Баъди ба нафақа баромадан фаъолияти худро дар бахши журналистикаи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” идома дода, аз таҷрибаи тайи ин солҳо андӯхтааш ба донишҷӯён сабақ додааст. Ҳоло зиёда аз даҳҳо нафар шогирди ӯ дар соҳаи журналистикаи электронӣ фаъолият намуда, бо барномаҳои муаллифии хеш на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шинохта шудаанд.

Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳайдаров дар баромади худ, аз ҷумла таъкид кард, ки китоби “Пайванди эҷоду маърифат” — и журналисти шинохта Хушбахт Бекзода  ба аҳли қалам ҳамчун дастури методӣ метавонад хизмат кунад.

Мурод Муродӣ — профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки Хушбахт Бекзода  аз зумраи омӯзгороне буданд, ба илму таълими соҳаи журналистика ҳамчун рӯзноманигори собиқадори таҷрибаи хуби ҳаётӣ ва касбидошта ворид гардиданд. Мавсуф тазаккур дод, ки ин шахси наҷиб дар раванди таълим донишҷӯёнро бештар ба фаъолияти амалӣ ҷалб карда, дар таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами илмӣ ҷанбаҳои назарию амалиро дарк ва ба назар гирифта метавонистанд.

Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов ба ин назар буд, ки шодравон Хушбахт Бекзода бо барномаҳои мустақими хеш роҳҳои ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдоштаро пайдо намуда, ба ҳамин васила мақоми радио ва телевизионро дар байни мардум баланд бардоштанд. Устод шахсияти якрӯ буда, ҳамеша дар мавқеи созандагӣ, ҳукуматӣ меистоданд. Дар айёме, ки боди самуми низоъҳои  сиёсиву ҳарбӣ ва маҳаллӣ рӯзгори мардуми кишварро тираву тор карда буд, устод Хушбахт Бекзода аз аввал ба ин рӯйдодҳо баҳои дурандешона додаву мавқеи давлатмеҳварӣ, умумимиллӣ, қонунӣ ва ҳукуматиро интихоб карда буданд ва то охири умр ба он содиқ монданд.

Лолахон Сатторӣ дар бораи зиндагиву рӯзгор, ҳаёти оилавӣ, фаъолияти журналистӣ ва нависандагии Хушбахт Бекзода ибрози  назар намуда, иброз дошт, ки мавсуф бо ҳамсараш Гавҳар Умарова дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беҳтарин маводи характери созандагию бунёдкоридоштаро таҳия мекарданд. Онҳо дар он лаҳзаҳои ҳассос мардумро ба сулҳу салоҳ даъват менамуданд ва худашон дар сафи пеши манбаъҳои иттилоотрасонӣ қадам мезаданд.

Дӯстони Хушбахт Бекзода — Зулайхо Гулова, Гулсара Саидова ва дигарон зимни суханронӣ аз хислатҳои неки инсонӣ ва лаҳзаҳои хотирмони рӯзгору фаъолияти ин марди шариф ёдовар шуда, хизматҳои беназири ӯро дар рушди журналистикаи тоҷик ва фарҳанги миллӣ  намунаи олии ватандӯстӣ ва фарҳангпарварӣ арзёбӣ намуданд.

Дар охир ҳамсари равоншод Гавҳар Умарова ба ҳозирин барои иштирокашон изҳори сипос намуда, ба созмондиҳандагон рӯзгори обод ва муваффақияти эҷодӣ таманно намуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ