Мафҳуми «инноватсия» ва «фаъолияти инноватсионӣ» дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа ҳамчун истилоҳи умумиилмӣ пазируфта шудааст, ки дар соҳа ва бахшҳои мухталифи фаъолияти инсонӣ мавриди истифода қарор дорад.

   Қобили зикр аст, ки оид ба масоили роҳандозии фаъолияти инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти китобдорӣ моҳи марти соли 2014 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва механимзҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти китобдорӣ» бо ширкати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Академияи таҳсилоти педагогӣ ва китобхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар таълими фанҳои тахассусӣ, роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар таълими фанҳои тахассусӣ ва таҳияи барномаҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешниҳод гардид, ки таваҷҷуҳи бештар ба таҳқиқи моҳияти мафҳуми «инноватсия» равона гардад.

   Имрӯз татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар низоми фаъолияти китобдорӣ моро водор месозад, ки қабл аз ҳама, моҳияти мафҳуми инноватсияро мушаххас намоем.

   Мафҳуми «инноватсия» бори нахуст дар тадқиқотҳои илмии фарҳангшиносони асри ХIX инъикос  гардида, маънои воридсозии унсурҳои як фарҳанг ба фарҳанги дигарро дорад. Баъдтар, ин мафҳум дар таҳқиқотҳои соҳаи иқтисодӣ низ мавриди истифода қарор гирифт.

   «Инноватсия» аз калимаи англисии «innovation» гирифта шуда, маънои навгонӣ, навигарӣ ва аз нав барқароршуданро ифода менамояд.

   Мафҳуми «инноватсия» дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун-нав, навсозӣ, навгароӣ маънидод шудааст.

   Дар таҳқиқоти илмӣ то ҳанӯз мафҳуми ягонаи ин истилоҳ муайян карда нашудааст, ки чунин вазъият ба мавҷуд будани тафсири хеле зиёди ин мафҳум вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолият мебошад. Масалан, дар фалсафа «инноватсия» ба маънои навгонӣ тафсир ёфта, дар алоқамандӣ ба тамоили умумии аз байн бурдани шаклҳои фаъолияти анъанавӣ ва кӯҳнашуда вобаста мебошад. Дар равоншиносӣ бошад, он ҳамчун тавлид ва ҷоринамоии намудҳои гуногуни навгониҳоро мегӯянд, ки дар амалияи иҷтимоӣ тағйиротҳои назаррасро ба вуҷуд меоранд. Дар соҳаи иқтисодиёт мафҳуми  «инноватсия» ҳамчун ҷоринамоӣ ва маблағгузорӣ ба технологияҳои нав, шаклҳои навӣ ташкили меҳнат ва идоракунӣ, ки на танҳо корхонаҳои алоҳида, балки тамоми соҳаро фаро мегиранд, фаҳмида мешавад. Дар менеҷмент мафҳуми «инноватсия» ифодагари натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионие мебошад, ки дар шакли маҳсулоти нав ё такмилёфтаи ба бозор воридшуда, раванди нав ё такомулёфтаи технологӣ ва муносибати нав ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад.

   Навсозӣ, ба талаботи замон мувофиқ гардонидани маҳсулот ва сифати хадамотест, ки китобхона тавассути технология, шакл ва услубҳои фаъолият бо мақсади такмили обрӯву эътибори иҷтимоӣ ва рақобатпазирӣ дар байни дигар китобхонаҳо амалӣ менамояд.

   Дар китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоотшиносии иҷтимоӣ мафҳуми мазкур аз ибтидои солҳои 1990 ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад. То ин давра дар доираи касбӣ мафҳумҳои  «навгонӣ», «навоварӣ», «таҷрибаи пешқадами китобдорӣ» ва «комёбиҳои илмӣ-техникӣ» бештар маълум буданд. То ибтидои соли 1990 мафҳуми «навгонӣ» мавриди истифода қарор надошт, омӯзишу идоракунии навгониҳо,  аслан дар доираи осори илмӣ бахшида ба татбиқи таҷрибаи пешқадами китобдорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти тамоми марказҳои методӣ маҳсуб меёфт, истифода бурда мешуд.

   Дар адабиёти илмӣ-соҳавӣ мафҳуми «таҷрибаи пешқадами китобдорӣ» бо тобишҳои гуногун шарҳу эзоҳ дода шудааст. Муҳақкиқони соҳаи китобдорӣ зери мафҳуми мазкур, аз як тараф, донишҳои шахсӣ, маҳорату маллакае, ки дар раванди фаъолияти касбӣ ташаккул ёфта, натиҷаи дилхоҳро таъмин менамояд ва аз ҷониби дигар, ҳамон натиҷаи фаъолияти инсон, ки аз сатҳи миёнаи ҷамъиятӣ сифатан тафовут дорад, маънидод намудаанд. Яъне «таҷрибаи пешқадами китобдорӣ» методҳои нав ва такмилёфтаи касбӣ, усулҳо, намудҳои фаъолият, ташаббусҳои пурқиммат ва дастовардҳои нав ба шумор мераванд.

   Дар шароити иқтисодиёти планӣ самаронокии фаъолияти ташкилот, асосан аз иҷро ва барзиёд иҷро намудани нақшаҳо ва дастовардҳои муайян вобаста аст. Чунин мавқеъ ва муносибат дар асноди методӣ «Тартиби муайяннамоӣ ва ҷоринамоии таҷрибаи пешқадам дар китобхонаҳои системаи Вазорати фарҳанги СССР», «Нишондоди  методӣ оид ба тартиби омӯзиш, ҷамъбаст ва ҷоринамоии таҷрибаи пешқадам» инъикос гардидаанд, ки тавассути онҳо меъёрҳои расмии арзёбии аҳамияти таҷрибаи пешқадами китобдорӣ, мусоидат ба иҷрои бомуваффақияти нақшаҳо ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди самаранокӣ муайян карда шудаанд.

   Дар қиёс ба таҷрибаи пешқадами китобдорӣ  навгониҳо дар раванди таҳқиқоти илмӣ низ ташаккул ёфта, онҳоро метавон ба сифати қарорҳои технологӣ, ташкилӣ – идоракунӣ истифода бурд. Ба натиҷаҳои назарраси таҷрибаи пешқадами китобдорӣ китобдорон метавонанд бидуни ҷоринамоии тағйиротҳои ҷиддӣ дар мазмуни фаъолияти хеш ноил гарданд.

   Дар адабиёти илмии соҳаи китобхонашиносӣ ду услуби муайяннамоии моҳияти инноватсияи соҳаи китобдорӣ маъмул аст. Тибқи услуби якум, зери мафҳуми «инноватсия» фаъолияти мушаххас фаҳмида мешавад. Он аз воридсозии мақсадноки тағйирот ба фаъолияти китобдорӣ иборат буда, зимни он фаъолияти китобхонаҳо беҳтар мегарданд. Муҳаққиқон ҷонибдори услуби дуюм инноватсияи китобдориро ҳамчун ҷараёни усулан нав ва натиҷаи фаъолияти мушаххас маънидод менамоянд.

Мантиқан, зери мафҳуми инноватсия на фаъолият, балки бояд натиҷаи фаъолияти мушаххас фаҳмида шавад. Барои ифодаи фаъолият мафҳумҳои «фаъолияти инноватсионӣ», «раванди инноватсионӣ» корбурд мешаванд. Байни навгонии аввалин маротиба ҷоришуда ва инноватсия фарқияти ҷиддӣ мавҷуд аст: инноватсия хусусияти мутобиқгардонӣ (адаптатсионӣ) дошта, ҷоринамоии он дар қиёс бо навигарӣ бо роҳи оддӣ татбиқ мегардад. Барои ифодаи фаъолияте, ки ба ҷоринамоии инноватсия дар китобхонаҳо равона гардидааст, мафҳумҳои «ҷоринамоӣ», «паҳннамоӣ», «татбиқ» ва ғайра мавриди истифода қарор доранд.

  Зери мафҳуми «инноватсияи китобдорӣ» мо натиҷаҳои фаъолияти эҷодии мутахассисони соҳаи китобдориро дарк менамоем. Он дорои хусусияти навоварию навҷӯи буда, барои такмилу такомули фаъолияти китобдорию библиографии кори китобхона нигаронида шудааст. Зери мафҳуми «инноватсия» бошад, тарғибу паҳннамоии падидаҳои навҷӯёна фаҳмида мешавад.

  Метавон хусусияти хоси зерини инноватсияи китобдориро, махсусан таъкид кард:

  Аввалан, навоварӣ барои объекте, ки бояд тағйир диҳем. Вобаста ба сатҳи он инноватсия метавонад аз падидаҳои зерин иборат бошад: ба сурати объективӣ-нав; ба сурати субъективӣ-нав (барои шахсияти эҷодкор, созанда, вале барои ҷомеа хеле барвақт маълум), барои кормандони китобхонаҳо дар ҳудуди минтақа нав (ба таври мушаххас барои китобхонаҳои минтақаи ҷуғрофӣ).

  Сониян, самти проблемавӣ. Дар аксарияти мафҳумҳои инноватсия, нақши он барои такомули фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ эътироф шудааст, инноватсияро дарк намуда, бо мақсади мушаххас амалӣ мегардонанд.

   Сониян, эҳтиёҷоти истифодабарандагон. Қабули ҳамагуна навгонӣ аз сатҳи омодагии ҷомеа, аз ҷумла аз сатҳи омодагии кормандони китобхонаҳо  вобастагӣ дорад.

   Сарчашмаҳои бавуҷудоии фаъолияти инноватсионӣ пайдоиши андешаҳои мухталиф дар сохтори анъанавии фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, мутахассисони китобдорӣ бо истифода аз потенсиали зеҳнии худ, бояд роҳҳои татбиқи услуби навро дарёфт намоянд. Аз рӯйи имконот, фанни махсус оид ба равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ ва дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот оид ба таҳияи барномаҳои инноватсионӣ машғулиятҳо ба роҳ мондан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

 

                                              

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»