Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 27 октябри соли равон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд-олимон, ромишгарон, чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва санъат аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯи судманд намуд.

   Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Усмонзода Хайридин Усмон ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки то 30 октябр идома меёбад, дар ҳаёти фарҳангии кишвар дорои аҳамияти вижа мебошад. Он, бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳад кард.

   Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми пешгирифтаи Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар хусуси баргузории фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини офтобию зебоманзари Тоҷикистон, ба шаҳри дилорои Душанбе ва донишкадаи ҳунарҳои зебо хайрамақдам гуфт. Зикр сохт, ки донишкада дар давоми солҳои зиёди фаъолияташ барои муассисаҳои фарҳангии кишвар ва берун аз он мутахассисони баландихтисос тайёр менамояд, ки дар байнашон чеҳраҳои шуҳрати ҷаҳонидошта кам нестанд. Таъкид кард, ки фарҳангҳо халқу миллатҳоро ба ҳам наздиктар месозанд. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри 18 ба ҳам пайванданд. Мо дар ин муддат аз фарҳангҳои якдигар омӯхта, аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ гардидем ва то кунун ин раванд идома ва инкишоф меёбад.

   Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдорони вохӯриро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳои кушода» бошад, чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

   Вазири фарҳанги кишвар вохӯриро бо шоҳбайти қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳусни анҷом бахшид:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири донишкада

 

[metaslider id=1632]