Имрӯз  дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо ибтикори кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқии муассиса семинари илмӣ – методӣ бо унвони “Раванди беҳтарнамоии дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” бо ширкати намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Сатторов, муовини директори Колеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов  Баҳром Назаров ва устодону донишҷӯёни кафедра баргузор гардид. Кори семинари илмӣ-методиро муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов ҳусни оғоз бахшида, доир ба масъалаи мавриди баррасӣ  фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуд. Мавсуф зикр кард, ки мавзўи матраҳшаванда яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ба пажӯҳиши амиқ ва таҳлили ҳаматарафа ниёз дорад.

         Сипас мудири кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ Шамсиддин Гурезов оид ба мавзӯъҳои меҳварие, ки дар кори семинар ба баҳс кашида мешаванд, маълумот дода, дар мавзӯи “Раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” суханронӣ намуд. Баъд аз шунидани маърӯза ҳозирин мавзӯи ироашударо ба риштаи таҳлил кашида, андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла Сафаралӣ Сатторов вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо омӯзгорони касбии фанни мусиқӣ ниҳоят ташвишовар номида, сабабашро дар кам будани соатҳои дарсӣ ва дар аксар маврид банд набудани мутахассисони соҳа барои омӯзонидани фанни мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ арзёбӣ намуд. Устодон  Холаҳмад Маҷидов, Сафар Гулназаров, Баҳрулло Нарзуллоев низ фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуда, паст рафтани сифати дарсгузаронӣ аз фанни мусиқиро масъалаи ҳалталаб унвон карданд. Таъкид намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо фанни мазкурро омӯзгорони ихтисоси мусиқӣ надошта ба хонандагон меомӯзонанд, ки қобили қабул нест.

          Баъдан муаллимаи кафедра Раҷабзода Д. дар мавзӯи “Истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар дарсҳои мусиқӣ” суханронӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла зикр кард, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти омӯзгору хонанда босамар шуда, сифати таълим баланд гардида ҳавасмандии зиёдро ба бор орад.  Ҳавасмандкунӣ омили беҳтарини омӯзиш, аз ҷумла омӯзиши мусиқӣ буда, боиси рушди фаъолияти зеҳнӣ мегардад. Ба гуфтаи Д. Раҷабзода, технологияҳои компютерӣ маводро зудтару осонтар ба хонанда расонида, ҳамзамон рӯҳи онҳоро болида мегардонанд.

    Ҳозирин мавзӯи ироашударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, иброз намуданд, ки дар шароити имрӯза истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хусусан зимни гузаронидани дарсҳои фанни мусиқӣ зарур буда, яке аз талаботҳои аввалиндараҷа мебошад.

    Дар охир муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов аз созмондиҳандагони семинар хоҳиш намуд, ки фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро дар шакли мақола дар васоити ахбори омма ба нашр расонда, ҳамзамон ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд, Ба андешаи иштирокдорон, баргузор намудани чунин семинарҳо аз манфиат холӣ набуда, таъкид намуданд, ки дар оянда бояд чунин иқдомҳои наҷиб ба роҳ монда шаванд.

Синои АБУАЛӢ    

Чоп кунед