Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» устоди МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва ҳамзамон муовини директори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд. Мукофоти давлатиро 4-уми сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устод тақдим намуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар рушду пешрафти мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

Раёсати МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва устодону донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ низ устод Гадобек Маҳмудовро барои сазовор гардидан бо медали «Хизмати шоиста» самимона табрик мегуянд.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ