Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илми кишвар Ҷамшед Ҷӯразода ва Лутфия Абдулхолиқзода,  ректори донишгоҳи мазкур Аҳлиддин Ибодуллозода , кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм олимону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

   Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода дар маърузаи худ баргузории чунин як ҷаласаро муҳим арзёбӣ намуда, оид ба ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардид маълумот дод.          Дар идомаи ҷаласа қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоварони  ҷавони кишвар таҳти унвони  “Донишҷӯ ва пешрафту илму техника” баргузор гардид. Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду давр давраи донишгоҳӣ ва давраи ҷумҳуривӣ баргузор гардид, ки ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва ифтихорнома сарфароз гардииданд. Дар озмуни имсола аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.

    Тибқи хулосаву баҳогузории гурӯҳи корӣ 26 нафар сазовори дипломи дараҷаи якум, 49  нафар сазовори дипломи дараҷаи дуюм, 42 нафар сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва 20 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.

   Донишҷӯёни МДТ “ Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода”, ки аз иштирокчиёни фаъоли озмун буданд, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.  Мазабшоева Певистамо донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалии факултети фарҳангшиносӣ зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер бо гирифтани  ҷои якум дар бахши фарҳангшиносӣ бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Каримова Қурбонбегим донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо гирифтани ҷои 2-юм дар бахши фарҳангшиносӣ зери роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадазимова Марям  бо гирифтани дипломи дараҷаи дуюм сарфароз гардида, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалии факултети фарҳангшиносӣ Давлатов Саҳобиддин бошад дар бахши фарҳангшиносӣ зери роҳбарии муаллими калони кафедра Фозилов Комрон сазовори ҷойи сеюм гардид.

ФОЗИЛОВ Комрон