Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада бо андуҳи зиёд хабар медиҳанд, ки 26-уми майи соли 2021 профессор Раҷабмад Амиров дар синни 67- солагӣ аз олам даргузашт.

Профессор Раҷабмад Амиров пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (соли 1974) фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишкада ба ҳайси муаллими кафедраи корҳои маданӣ- маърифатӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои декани факултаи корҳои маданӣ- маърифатӣ, ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, муовини ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ифои вазифа намудааст.

Устод Раҷабмад Амиров муаллифи чандин таълифоти илмию фарҳангӣ, аз ҷумла ”Усули тайёр намудани сенарияи клубҳо”(1980), ”Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва маҳалли зист”(1983), ”Тайёр намудани кадрҳо дар давлати соҳибистиқлол ҳамчун омили инкишофи фарҳангӣ”(1999), ”Истиқлолияти фарҳангӣ” (2001), ”Эронзамин ва густариши фазои маънавии  байналмилалӣ”(2002), ”Матбуот — оинаи ҳаёт” (2004), ”Бозтоби фарҳанг”(2005) мебошад.  Китобҳои “Падидаи муҳими фарҳангӣ” (2015), ”Развитие театрального исскуства  в годы независимости ”(2016), “Дастовардҳои бузурги байналмилалии фарҳанг дар даврони истиқлол” (2016), “Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ”(2016), “Культура Таджикистана в условиях независимости”(2017), “Фарҳанг омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ” (2017), “Истиқлолияти фарҳангӣ: дастовардҳо ва ояндабинии он” (2018) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Бо ибтикори ў дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” якчанд чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Фестивали байналмилалии “Шарқ — Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, «Садои дилҳо», «Фалак», «Садои дилрабои Арғунун», «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва эҷодӣ бо унвони «Фазои маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъат» баргузор гардиданд.

Хизматҳои шоистаи Устод Раҷабмад Амиров бо медалҳои Донишгоҳи санъати Ҷопон, Ассосиатсияи консертии Мин-они Ҷопон, намоишгоҳи байналмилалии ИДМ, 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони 10-солагии консерти оркестрии Бишкек, унвони ифтихории Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 қадрдонӣ шудаанд.

Устод Раҷабмад Амиров ҳамчун шахси масъулиятшинос, кордон, ташкилотчӣ ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар байни устодону донишҷўён ва кормандони донишкада соҳиби обрўю эътибори баланд буданд.

Рўҳашон шод ва манзили охираташон обод бошад!

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада